Аксҳо аз Хоруғ. Боздошти бародари Мамадбоқир Мамадбоқиров

Аксҳо аз Хоруғ. Боздошти бародари Мамадбоқир Мамадбоқиров

Тоҳир Мамадбоқиров – бародари Мамадбоқир Мамадбоқиров – яке аз афроди таъсиргузор дар вилояти Бадахшон боздошт шудааст. 

Як манбаъ дар минтақа рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҳир Мамадбоқировро бо иттиҳоми "итоат накардан ба маъмурони милиса" дастгир карданд. Ҳодиса баъди зуҳри 3-юми январ дар маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ рух додааст. Гуруҳе аз ҷавонҳо хостаанд, ки мақомот ӯро озод кунанд.

Тоҳир Мамадбоқиров, бародари хурдии Мамадбоқир Мамадбоқиров буда, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Хоруғ ба ҳайси посбон кор мекардааст.

Тафсилоти аз ин бештар дастрас нест. Мақомоти расмӣ низ то ба ҳол чизе нагуфтаанд. Дар ҳукумати вилояти Бадахшон ваъда доданд, ки ҳодисаро субҳи ҷумъа шарҳ медиҳанд.

Аз ин пеш, моҳи октябри соли 2018 мақомоти интизомии Тоҷикистон дар як навори видеоӣ Мамадбоқиров Тоҳир Карамалишоевичро ба монеагузорӣ дар кори дидбонгоҳҳои Хоруғ муттаҳам карда ва гуфта буданд, ки нисбат ба ӯ ва афроди дигар "чора андешида хоҳад шуд".
Ҳоло маълум нест, ки боздошти ӯ ба ин қазия рабт мегирад ва ё ҳодисаи дигаре дар миён аст.
Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз таҷаммӯи гуруҳе аз сокинони Хоруғ дар пайи боздошти Тоҳир Мамадбоқиров хабар доданд. Як сокини шаҳри Хоруғ ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар маҳаллаи УПД посгоҳи пулис воқеъ аст ва таҷаммӯи сокинон дар онҷо сурат гирифт."

Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, дар вилояти Бадахшон ва инчунин шаҳри Душанбе маҳдуд шудааст. Ва дарёфти иттилоъ ва аксу видеои бештар аз минтақа дар ҳоли ҳозир мушкил аст.
Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз афроди таъсиргузор дар вилояти Бадахшон аст, ки дар гузашта мақомот ӯро "аз саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ" дар Хоруғ ном бурда буданд. Баъдан ӯ зери огоҳиномаи Додситонӣ имзо гузошт, ки "гуруҳҳои ҷиноиро раҳбарӣ намекунад, намояндаи ҳукуматро таҳқир наменамояд, авбошӣ намекунад ва ба қочоқи маводи мухаддиру силоҳ машғул намешавад".


“Рейдҳо” дар маркази вилояти Бадахшон аз моҳи сентябри соли 2018, замоне ки президент Эмомалӣ Раҳмон аз бедодгариҳои, ба қавли ӯ, "чор ҷинояткор" дар Хоруғ норозигӣ кард, идома дорад.

Интиқоди президент боис ба тағйироти кадрӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд.
Дар баробари ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуда, чанд постгоҳ ё дидбонгоҳои мақомоти умури дохилӣ фаъол гардид.
Сокинон чанд дафъа аз вуҷуди постгоҳҳо эътироз карданд. Вале ҳукумати вилояти Бадахшон дар охири соли 2018 аз вуҷуди постгоҳҳои махсус ҳимоят кард ва гуфт, "дидбонгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Роштқалъа сабаб шудааст, ки ҳаракати мошинҳои сиёҳшишаи ғайриқонунӣ ва бе рақам аз байн биравад".

Маҳаллаи УПД, шаҳри Хоруғ. 3-юми январи соли 2019.
Маҳаллаи УПД, шаҳри Хоруғ. 3-юми январи соли 2019.

Комментарии (0)

Оставить комментарий