Эмомалӣ Раҳмон амр додааст, қарори нархи Интернет бекор карда шавад
Дафтари раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дастур дод, ки нархи истифода аз Интернет гуфтугуҳои телефонӣ ба ҳолати пешин оварда шавад ва онҳое, ки дар боло бурдани он даст доранд, ҷазо дода шаванд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода сухангӯи раиси ҷумҳур рӯзи 23-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, президент дар ҷаласаи ахир гуфтааст, ки аз норозигии мардум огоҳ гаштааст ва амр додааст, ки қимати истифода аз Интернет ба ҳолати пешин оварда шавад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри як баёнияи кутоҳ дар вебсайташ навишт: "Имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд."
Дар баёния омадааст, ки бо супориши президент "нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯи карда шуд." Аммо маълум нест, чӣ чора нисбати ин афрод андешида шудааст.
Комментарии (0)