Маълум шуд, ки бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун кай доир мешавад

Маълум шуд, ки бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун кай доир мешавад
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои бозӣ бо тими Урдун омодагӣ мегирад.Бозии аввал дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Душанбе баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.Бозӣ 16 ноябр соати 18:00 ба нақша гирифта шуда, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт баргузор мешавад.Бозингарони тими миллии Тоҷикистон дар даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол бо бозигарони Урдун бозӣ мекунанд.Баъдан, рӯзи 21 ноябр варзишгарони тоҷик бо тими миллии Покистон вомехӯранд.Бозӣ дар гурӯҳи «G» дар Исломобод баргузор мешавад.Тибқи ҷадвали мураббиён омодагӣ ба бозиҳо аз 10 ноябр шурӯъ мешавад.Бар асоси натоиҷи ин даври бозиҳо, ғолибони нӯҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро гирифтанд, дар даври севуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 муборизаро идома медиҳанд.Онҳо инчунин ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбанд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий