“Равшан” барои пешсаф шудан дар гурӯҳаш талош дорад

“Равшан” барои пешсаф шудан дар гурӯҳаш талош дорад
Дастаи «Равшан» имкон дорад, пешсафи гуруҳи «Е» дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2023/24 гардад.Ин даста таҳти сарварии сармураббӣ Тоҳирҷон Муминов шоми 26 октябр дар варзишгоҳи марказии Ҳисор бо пешсафи кунунии гурӯҳ дастаи «Абдиш-Ата"-и Қирғизистон бозӣ мекунад.Дар ҷаласае, ки рӯзи 25 октябр дар меҳмонхонаи «Атлас"-и Душанбе баргузор гардид, масъалаҳои ташкилии вохӯрӣ муҳокима шуд. Ҳамчунин ранги либоси дастаҳо низ тасдиқ гардид."Равшан« бо либоси сурх, „Абдиш-Ата“ бо либоси сабз ба майдон мебароянд.Айни замон дар гурӯҳи „Е“ дастаи „Абдиш-Ата“ бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. „Равшан“ ва „Марв"- Туркманистон 2 имтиёзӣ доранд ва мутаносибан зинаҳои дуюм ва сеюмро ишғол кардаанд. «Олтин Асир"- Туркманистон бо як имтиёз дар зинаи охир маскан гирифтааст.Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан» дар марҳилаи якуми гурӯҳии Ҷоми КФО -2023/24 бозиаш бо «Марв"-и Туркманистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 0:0 ва бозии дуюмро дар меҳмонӣ бо «Олтин Асир"-и Туркманистон бо ҳисоби 1:1 ба поён расонда буд.​

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий