Баргардонидани 26 муҳоҷири тоҷик ба Ватан аз боздоштгоҳи муваққатии Русия

Баргардонидани 26 муҳоҷири тоҷик ба Ватан аз боздоштгоҳи муваққатии Русия
Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия 26 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ то инҷониб дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии РВКД вилояти Владимир қарор доштанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.
Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ахиран вохӯрии кормандони намояндагӣ бо роҳбари Маркази нигоҳдорӣ, подполковники политсия Михаил Новиков ва судиҷрочии Хадамоти федералии приставҳои судии вилояти Владимир Шестопалова Елена баргузор гардид.
Манбаъ қайд кардааст, ки нисбати саҳомони ширкати СИ “Саломонов О” парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва нопардохти андоз оғоз гардида буд.
Ба иттилои намояндагӣ ширкати мазкур, ки дар он то 2000 коргарони маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба корҳои чорводорӣ, сохтмон, гармхона, моҳипарварӣ, мурғпарварӣ, ҳасиббарорӣ ва ғайра машғул буданд, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти муҳоҷирон ва қайди муҳоҷиратиро қалбакӣ намудааст.
“Вобаста ба ин, шаҳрвандони хориҷие, ки дар корхонаҳои ширкати мазкур фаъолият мекарданд, аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ҳамчун “шоҳид” дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, бо мусоидати Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсат дар умури масъалаҳои муҳоҷиратии РВКД вилояти Владимир, Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Хадамоти федералии приставҳои судии вилояти Владимир муҳлати интиқоли муҳоҷирони тоҷик ба ватан тезонида шуд.
Қайд карда шудааст, ки қисми аввали шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз 9 нафар 26 сентябр ва қисмати дуюм иборат аз 17 нафар санаи 28.сентябр ба ватан интиқол дода мешаванд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий