Ҳалокати ду нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ

Ҳалокати ду нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ
Рӯзи 29-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ-520”, Абдусатторзода Алӣ Абдусаттор, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Зарнисори ҳамин ноҳия аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Раҷабов Амонулло Азизович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Раҷабов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи “Опел-Вектра” шаҳрвандон: Чақабоев Абдулваҳоб Одилович, соли таваллудаш 1969, Одилзода Насриддин, соли таваллудаш 1994 ва Шерназаров Абдуназар Сафарович, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Инчунин, рӯзи 30-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 13:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Маҳмуродов Баҳодур Раҷабмуродович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба тарафи деҳаи Шаҳристони шаҳри мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ”, таҳти идораи ронанда, Назаров Абдуалим Раҷабмуродович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Навниҳол бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Маҳмуродов Тоҷиддин Раҷабмуродович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида ва мусофири дигари он Нозимов Ҷӯрахон, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий