Ҷашни мавлуди пайғамбар Муҳаммад бо куштори 40 нафар анҷом ёфт

Ҷашни мавлуди пайғамбар Муҳаммад бо куштори 40 нафар анҷом ёфт
Ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузург дар Кобул дастикам 40 нафарро қурбон кард. Дар ин бора мақомоти Афғонистон хабар доданд.
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон Ваҳид Маҷруҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таркиши рӯзи 20-уми ноябр, ки ҷамъомади бахшида ба мавлуди пайғамбар Муҳаммадро ҳадаф қарор дод, 60 нафари дигар осеб дид.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Наҷиб Дониш, ҳамларо як маргталаб анҷом дод ва теъдоди куштаву захмиҳо "аз 50 нафар бештар аст".
Мудири меҳмонхонае, ки ҷашни мавлуди пайғамбар дар он баргузор мешуд, ба хабаргузории AFP гуфт, ки маргталаб худро дар байни маърака мунфаҷир кард.
Масъулияти ин ҳамлаи пурқурбонии моҳи равонро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
Дар гузашта ҷангҷӯёни Толибон ва гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" рӯҳониёни ҳамоҳанг бо ҳукумати Афғонистонро борҳо ҳадаф қарор доданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий