Донандаи забони арабӣ: Озмуни Кумитаи дин барои интихоби роҳбаладии "Ҳаҷ"
Довталабон бояд маносики ҳаҷро донанд, малакаи ташкилотчигӣ дошта бошанд, ҳамчунин ҷасман обутобёфта ва донандаи забони арабӣ бошанд
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2019" озмун эълон менамояд.
Довталабон бояд маносики ҳаҷро донанд, малакаи ташкилотчигӣ дошта бошанд, ҳамчунин ҷасман обутобёфта ва донандаи забони арабӣ ё англисӣ бошанд.
Дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2019" нафарони синнашон аз 30 то 60-сола иштирок карда метавонанд.
"Тибқи муқаррароти ҷониби Арабистони Саудӣ аз нафароне, ки дар панҷ соли ахир ҳадди ақал як маротиба маносики ҳаҷро ба ҷо овардаанд, дар ҳаҷми 534 доллари амрикоӣ иловапулӣ ситонида мешавад", - менависад дафтари матбуотии кумита.
Хоҳишмандон метавонанд ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ-14 ҳуҷҷатҳои лозима - ариза, нусхаи шиноснома, маълумотнома, акс, варақаи шахсӣ ва тарҷумаи ҳолашонро пешниҳод кунанд.
"Танҳо нафарони ба меъёрҳои зикршуда мувофиқбуда, ба суҳбат даъват карда мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро аз 25 январ то 15 феврали соли 2019 ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд", - афзудааст Кумитаи дин.
Комментарии (0)