Баъзеро ғайриқонунӣ ба аскарӣ намебаранд: Дар Суғд аз камбудиҳои даъват ба хидмат гуфтанд
Масъулини комиссияҳои даъвати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2024 муваззаф шуда, дастур гирифтаанд, ки камбудиҳоро бартараф кунанд.Ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии гарнизони Суғд, таҳти раёсати прокурори ҳарбии вилоят, Бахтиёр Шарифзода таъкид шуд.Аз ҷумла дар ҷаласа барои пурра ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси марди синни 16-сола супориш дода шуд.Пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар даъвати баҳорӣ аз масоили меҳварӣ будаст, ки масъулин ба он таъкид намудаанд.Ҳолатҳои беасос ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ва аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ғайриқонунӣ озод кардани шаҳрвадон низ ба миён гузошт шудааст.Пешгирии ҳолатҳои ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани шахсони бемор ва аз хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат рухсат гардидани хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи дигар масъалаҳои ҳалталаб гуфта шудаст.Дар ҷаласа ҳамчунин муовини раиси вилояти Суғд, раиси комиссияи даъватии вилоят, Даврон Зоҳидзода ва комиссари ҳарбии вилоят генерал Умед Солизода иштирок намудаанд.Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон бо фармони раисҷумҳур моҳҳои апрел ва май идома хоҳад дошт.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)