Тармаҳои хурд сабаби баста шудани роҳи Душанбе – Чаноқ шуд

Тармаҳои хурд сабаби баста шудани роҳи Душанбе – Чаноқ шуд
Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД», ки ба ҷамъоварии маблағу нигоҳдории ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст, гуфт, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи Душанбе — Чаноқ муваққатан маҳдуд карда шуд."Бинобар бениҳоят пуршиддат будани бориши барф дар километри 62 — 73 ва фаромадани тармаҳои хурд дар километри 54 — 57- и роҳи Душанбе — Чаноқ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд«, — иттилоъ додааст намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон.Ҳамчунин ширкати IRS аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми сафар омили мазкурро мадди назар дошта бошанд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дода буд, ки бориши барф дар масири Душанбе — Чаноқ қатъ нагардидааст ва сарфи назар аз ин, роҳи мазкур кушода буда, ҳаракати нақлиёт таъмин аст.Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борону барф ба амал меояд.Дар ноҳияҳои алоҳида меғ мефарояд. Ҳарорат рӯзона то 16 дараҷа гармӣ мерасад.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий