Имзои санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ миёни вилояти Свердловски Русия ва Тоҷикистон
Барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳӣ ва вилояти Свердловски Русия «Харитаи роҳ» ба имзо расид.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст."Тарафҳо дар бораи таҳия ва баимзорасонии «Харитаи роҳ» барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳӣ ва вилояти Свердловски Русия ба мувофиқа расиданд«, қайд кардааст Кумита.Ба иттилои манбаъ, санади мазкур баъд аз мулоқоти баъд аз мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод ва муовини губернатори вилояти Свердловски Русия Дмитрий Ионин сурат гирифт.
Мулоқоти мазкур ахиран дар бинои Ҳукумати вилояти Свердловск сурат гирифт.Дар ин дидор тарафҳо доир ба рушди сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Урали баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин зимни мулоқоти корӣ ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо ҳавасмандии худро дар самти мубодилаи иттиллоот, ташкили хатсайрҳои муштарак ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар иброз доштанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)