Созишнома имзо шуд: Интиқоли мол байни Тоҷикистону Русия содатар мешавад

Созишнома имзо шуд: Интиқоли мол байни Тоҷикистону Русия содатар мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Русия оид ба Долони содакардашудаи гумрукӣ созишнома ба имзо расид.Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст."Байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Русия Созишнома оид ба ташкили тартиби содакардашудаи анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Русия («Долони содакардашудаи гумрукӣ) ба имзо расонида шуд», — қайд кардааст манбаъ.Таъкид шудааст, ки созишнома дар доираи Форуми байналмилалии гумрукӣ, ки 29-30 октябри соли равон дар пойтахти Русия баргузор гардид, имзо шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳоди давлатӣ дар Форуми байналмилалии гумрукӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Каримзода иштирок намуд.Ёдовар мешавем, ки форум аз чониби Хадамоти федералии гумруки Русия ҳамасола ташкил шуда, платформаи муфид барои табодули таҷрибаи пешқадам дар самти танзими фаъолияти гумрукӣ мебошад.Ин форум барои таҳкими муносибатҳои мақомоти гумрук бо доираҳои тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Дар Форуми байналмилалии гумрукӣ — 2024 масъалаҳои мубрами фаъолияти гумруки байналмилалӣ, тамоюлҳои калидӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва тағйирот дар тиҷорати байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.Ҳамчунин масъалаҳои рақамикунонии савдои хориҷӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар равандҳои расмиёти гумрукӣ, рушди тиҷорати электронӣ, тағйироти долонҳои логистикӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий