Прокурори Хуҷанд аз фаъолияти мақомдорони шаҳр қаноатманд нест
Дар натиҷаи натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштараки Прокуратураи шаҳри Хуҷанд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда барои вайрон намудани талаботи Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа нисбати 24 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин нисбати 422 нафар бо моддаҳои мухталифи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.Ҳамзамон, унвонии мақомоти ваколатдори соҳа ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба он онҳо мусоидаткунанда 17 адад пешниҳод ирсол карда шудааст, ки аз натиҷаи баррасии он 15 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.Ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд танҳо дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи санҷишҳои гузаронида 7 ҳолати фиреби истеъмолкунандагон ва ба фурӯш гузоштани маҳсулотҳое, ки ба талаботи бехатарӣ барои саломатии инсон ҷавоб намедиҳад, ошкор ва парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид дошт, ки аксари қонуншиканӣ бо кӯшишҳои бевоситаи кормандони прокуратураи шаҳр ошкор карда шуда, саҳми дигар мақомоти назорати соҳа хуб ба назар намерасад."Аз ин ҷост, ки мақомоти ваколатдори давлат фаъолияти худро ба ҷои каммасъулиятию фориғболӣ, баҳри сифатан ҷоннок намудан сафарбар созанд ва ба амалҳои қонуншиканӣ дидаву дониста чашм напӯшанд«, — қайд кард прокурор.Вай зикр кард, ки ошкор кардани ҳолатҳои истеҳсол ва ба фурӯш гузоштани маҳсулотҳои пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва ба саломатии инсон зараровар аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ин ниҳодҳо ба шумор меравад."Ҳамзамон, таҳлилҳо нишон дод, ки саҳми кормандони мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва соҳибкорон ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст«, — гуфт ӯ.Вай афзуд, ки бо соҳибкорон мунтазам суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, оқибати ба фурӯш гузоштани молу маҳсулоти пастсифат, шубҳанок ва ғайристандартӣ фаҳмонида шавад.Дар ҳамин ҳол, прокурор қайд кард, ки натиҷаи таҳлилу санҷиши гузаронидашуд аз он шаҳодат медиҳад, ки назорат дар ин самт аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳа ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст.
Вай аз мақомоти ваколатдори соҳаҳо даъват кард, ки корҳоро дар ин самт ҷоннок намуда, баҳри ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолати ба фурӯш гузоштани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта ва дигар қонунвайронкуниҳои ба фиреби истеъмолкунандагон алоқаманд чораҳои муассири амалӣ андешанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)