Ҳалокати духтарчаи тоҷик дар осоишгоҳи вилояти Маскав

Ҳалокати духтарчаи тоҷик дар осоишгоҳи вилояти Маскав
Рӯзи 11 ноябр ҷасади як духтари дусолаи тоҷикро дар як базаи истироҳатӣ дар ноҳияи Раменскоеи вилояти Маскав аз даруни ҳавзи пуроб пайдо карданд. Волидони ин кӯдак шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин осоишгоҳ ҳамроҳи ду фарзандашон зиндагӣ мекарданд. Рӯзи 11 сентябр духтарча ҳамроҳи як зани шиносашон ба сайругашт мебарояд. Ин зан мегӯяд, ки духтарчаро баъди сайругашт то дари хонаашон оварду рафт. Волидони кӯчак ҳангоми ҷустуҷӯ ӯро дар даруни ҳавзи пуроб пайдо карданд. Вақте духтарчаро аз об берун оварданд, ӯ алакай ҷон дода буд. Дар робита ба марги ин кӯдак парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.Маркази матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Маскав хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти шаҳри Раменское дар робита ба марги кӯдаки дусолаи тоҷик дар ҳавзи базаи истироҳатӣ дар ноҳияи Раменское бар асоси қисми дуюми моддаи 238-уми Кодекси ҷиноятии Русия (хидматрасониҳое, ки ҷавобгӯи талаботи бехатарӣ нестанд ва аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудаанд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Бино ба натиҷаҳои тафтишоти аввалия, як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамроҳи ду кӯдаки хурдсоли худ дар базаи истироҳатии воқеъ дар Раменское истироҳат мекарданд. Рӯзи 11 ноябр, соати тақрибан 15 модари духтар фарзандашро рухсат додааст, ки ҳамроҳи як зани шиносашон сайругашт кунад. Баъди чанд вақт ӯ аз хона баромада, он занро танҳо мебинад. Зан мегӯяд, ки баъди сайругашт кӯдакро то дари хонаашон оварда, худаш баргаштааст.
Падару модар дар талвоса афтода, дар пайи ҷустуҷӯи кӯдак шуданд, вале мутаассифона, ӯро аз даруни ҳавзи пуроб дар кӯча пайдо карданд. Вақте кӯдакро аз об берун кашиданд, ӯ алакай ҷон дода буд.
Мақомоти тафтишотӣ масъулони базаи истироҳатиро масъули марги ин кӯдак мешуморанд ва мегӯянд, ки онҳо бояд нисбат ба риояи меъёрҳои бехатарӣ таваҷҷӯҳи бештар нишон медоданд.



Комментарии (0)

Оставить комментарий