Як ҳавопаймое, ки 11,5 тонна силоҳ мебурд, дар Юнон афтод

Як ҳавопаймое, ки 11,5 тонна силоҳ мебурд, дар Юнон афтод
Як ҳавопаймои борбари "Антонов" Ан-12 рӯзи 16-уми июл дар шимоли Юнон афтодааст.
Небойша Стефанович, вазири дифои Сербистон, рӯзи 17-уми июл гуфт, ин ҳавопаймо ёздаҳуним тонна аслиҳаро аз он кишвар ба Бангладеш мебурд.
Ба гузориши расонаҳои Юнон, "ҳашт сарнишини ҳавопаймои мутааллиқ ба ширкати украинӣ ҷон бохтанд".
Вазири дифои Сербистон тасдиқ кард, ки молики ҳавопаймо як ширкати украинӣ аст. Ба гуфтаи Небойша Стефанович, силоҳҳо тавассути "Valir", як ширкати хусусии истеҳсоли аслиҳа дар Сербистон, фиристода мешуд.
Ин мансабдори Сербистон афзуд, "аслиҳа дар чорчӯби тавофуқ бо Вазорати дифои Бангладеш ва мутобиқ ба қонунҳои байнулмилалӣ интиқол меёфт."

Комментарии (0)

Оставить комментарий