Таъсиси намояндагиҳои савдо назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон

Таъсиси намояндагиҳои савдо назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон
Қарори дахлдори ҳукумат дар ин бора 31 октябри ҳамин сол қабул шудааст. Муқаррарот дар бораи намояндагиҳои савдои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бо қарор тасдиқ шудааст.
Аз ҷумла дар Русия, Чин, Олмон, Туркия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон назди муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон басти воҳидҳои корӣ (штатҳо)-и иловагӣ таъсис дода мешаванд.
Ба Вазорати молия дастур дода шудааст, ки маблагғузориро барои басти воҳидҳои кории иловагӣ дар намояндагиҳои савдо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.
Ба дипломатҳо баробар шудаанд
Дар санади тасдиқшуда зикр мегардад, ки намояндаи савдо қисмати таркибии намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар кишвари ҳузур буда, таҳти раҳбарии бевоситаи сафири Тоҷикистон дар кишвари хориҷӣ амал мекунад.
Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои намояндаи савдои Тоҷикистон бо муқаррарот дар бораи сафоратхонаҳои Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Намояндаи савдо бо пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президент аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ таъин ва аз кор озод карда мешавад.
Киҳо дар ин мансаб кор карда метавонанд?
Ба вазифаи намояндаи савдо кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент (воҳидҳои сохторӣ), Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволди давлатӣ ва Агентӣ оид ба содироти назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуда метавонанд.
Номзад бояд шаҳрванди Тоҷикистон, маълумоти олӣ, омодагии дахлдори касбӣ, таҷрибаи кофӣ (на камтар аз 5 сол) дар бахши савдо, кордон, донандаи забонҳои хориҷӣ (забони кишвари будубош) буда, аз технологияҳои муосир истифода карда тавонад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий