Боздошти даҳҳо ифротгаро дар Тошканд: онҳо талош доштаанд, Сурия раванд

Боздошти даҳҳо ифротгаро дар Тошканд: онҳо талош доштаанд, Сурия раванд
Боздоштшудагон аз куҷо омадаанд, ва ба чӣ гумонбар мешаванд. Тафсилотро аз хабари зерин дарёфт кунед

Кормандони интизомии Ӯзбекистон 30 нафарро ба иттиҳоми ширкат дар кори созмони террористии "Катиба тавҳид ва ал-ҷиҳод"* боздошт кардаанд.

Онҳоро дар шаҳри Тошканд дастгир кардаанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

Ҳама боздоштшудаҳо аз манотиқи мухталифи Ӯзбекистон барои кор ба пойтахт омадаанд, хабар медиҳад Хадамоти амнияти давлатӣ.

Мақомоти интизомии Ӯзбекистон ахиран пайваста аз боздошти пайравони гурӯҳи "Катиба Тавҳид ва л-Ҷиҳод*" дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ хабар медиҳанд.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.

Мақомоти интизомии Ӯзбекистон ахиран пайваста аз боздошти пайравони гурӯҳи "Катиба тавҳид ва ал-ҷиҳод*" дар манотиқи мухталифи ин ҷумҳурӣ хабар медиҳанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, дар моҳи июни соли гузашта дар шаҳр ва вилояти Тошканд 36 нафар ва дар моҳи июл 16 нафари дигар дар вилояти Сурхандарё боздошт шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, зарур аст, ки феҳристи ягонаи созмониҳои терориистии мамнуъ дар доираи кишварҳои СААД тартиб дода шавад.

Президенти Тоҷикистон афзуд, баробари тағйир кардани қудрат дар Афғонистон ҳазорон узви гурӯҳҳои терористӣ фаъол шудаанд ва онҳо ба амнияти Тоҷикистону минтақа хатар доранд.

Раҳмон қайд кард, ки ҷангиёни ДИИШ* дар қаламрави Афғонистон тақвият меёбанд ва тибқи иттилои хадамоти истихборотӣ, ҳоло дар марзҳои ҷанубии СААД ҳудуди шаш ҳазор ҷангҷӯ ва беш аз 40 ячейкаи террористӣ ҷойгир шудаанд.

* — ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия ва як қатор кишварҳои дигар

Комментарии (0)

Оставить комментарий