Пеш аз сафар ба Чин, президенти Қирғизистон ба кори фосилавӣ гузашт

Пеш аз сафар ба Чин, президенти Қирғизистон ба кори фосилавӣ гузашт
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, сарфи назар аз шеваи фосилавӣ, реҷаи кории президент комил хоҳад буд

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ба кори фосилавӣ гузашт, хабар дод дафтари матбуотияш.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин иқдом ба сафари қарибулвуқӯи раисҷумҳур ба Чин дар моҳи феврал рабт дорад.

"Ин тасмим ба далели риоияи қоидаи бехатарии эпидемиологӣ аз коронавирус дар ҷаҳон гирифта шудаст", - тавзеҳ дод котиботи раисҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки сафари Ҷабборов ба Чин рӯзҳои 3-5 феврал дар назар аст. Дар доираи ин сафар иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин ва мулоқот бо раисҷумҳури Чин, Си Ҷинпин дар нақша аст.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, низ даъват кардаст, ки дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 иштирок намояд. Феълан мақомоти тоҷик расман дар бораи сафари Раҳмон ба Чин хабаре нашр накардаанд.

Инчунин иштироки раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар Пекин дар назар аст.

Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 рӯзи 4 феврал дар варзишгоҳи Пекин баргузор мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, хоккей ва ғайра дар назар аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий