Uzbekistan Airways барои мусофирон то 50% тахфифҳои солинавӣ эълон кард

Uzbekistan Airways барои мусофирон то 50% тахфифҳои солинавӣ эълон кард
Uzbekistan Airways ба муносибати Соли нав дар самти парвозҳое, ки аз 31-уми декабри соли 2021 то 4-уми январи соли 2022 сурат мегиранд, аз 30% то 50% тахфиф эълон кардааст.

Тахфифҳо барои ҳамаи парвозҳо байни шаҳрҳои Ӯзбекистон амал мекунанд ва барои категорияҳои зерини мусофирон пешбинӣ шудаанд:
• мусофирони инфиродӣ — 30%;
• гуруҳҳои туристӣ (5 нафар ва зиёда аз он), мактаббачаҳо, донишҷӯён, шунавандагони муассисаҳои махсуси таълимӣ — 40%;
• оилаҳо (2 нафар ва зиёда аз он, зану шавҳар ва фарзандони то 18-солаи онҳо) — 50%;
• нафақагирон ва шахсони маъюб — 50%;
• иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги дуйуми ҷаҳон бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд — 50%;
• иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садамаи Чернобил — 50 фоиз.

Комментарии (0)

Оставить комментарий