Қирғизистон қоидаҳои вуруди дипломатҳои тоҷик ба ин кишварро тағйир дод

Қирғизистон қоидаҳои вуруди дипломатҳои тоҷик ба ин кишварро тағйир дод
Девони вазирони Қирғизистон ба тартиби вуруду хуруҷи дипломатҳо ва наздикони онҳо аз Тоҷикистон тағйирот ворид кард.

Қирғизистон сар аз 1 декабр қоидаҳои вуруд ва хуруҷ аз ин кишварро барои бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон сода кардааст, менависад АКИpress.

Тағйирот ба намояндагони дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо дахл хоҳад дошт.

Ҳамин тариқ, раиси Девони Вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов бо фармоне аз 1 декабри соли 2021 ба фармони Девони Вазирон аз 21 майи соли 2021 тағйирот ворид кард.

Тағйирот ба хотири ба тартиб даровардани масъалаҳои вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон – кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Қирғизистон ворид шудааст.

Ҳамакнун, тибқи санади нав, вуруди кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо дар Қирғизистон, инчунин аъзои оилаи онҳо (бо тасдиқи ҳуҷҷатии хешутаборӣ) дар сурати доштани аккредитатсия ё шиносномаи хидматӣ иҷозат дода мешавад.

Қаблан убури тоифаҳои дар боло зикршуда бо огоҳии пешакӣ дар бораи омадан ё рафтани онҳо тавассути Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иҷозат дода мешуд.

Илова бар ин, ислоҳи нав пешбинӣ мекунад, ки аз Тоҷикистон ё ба Тоҷикистон қабул кардани шаҳрвандони ин кишвар, донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил мекунанд ё ба ҳайси омӯзгор кор мекунанд, тибқи номаи пешакии Вазорати маорифи Қирғизистон ба хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иҷозат дода мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий