Президент ваъда дод, ки Қирғизистон баъди 4 сол аз бӯҳрони энергетикӣ мебарояд

Президент ваъда дод, ки Қирғизистон баъди 4 сол аз бӯҳрони энергетикӣ мебарояд
Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов ваъда додааст, ки дар ояндаи наздик ин кишварро аз бумбасти энергетикӣ берун меорад

Масъалаи мушкили нерӯи барқ дар Қирғизистон то соли 2025 ҳалли худро пайдо мекунад, ваъда додааст Президенти ин кишвар Содир Ҷабборов.

Кишвардори Қирғизистон дар сафҳаи Facebook -ии худ навиштааст, ки кишварро то соли 2025 аз бӯҳрони энергетикӣ раҳо мекунад.

"Худо хоҳад, то солҳои 2024-2025 системаи энержиро аз бӯҳрон мебарорем ва ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил меёбем. Ҳоло агар Вазири энергетикаро зинда фурӯ барем, ин система барқарор намешавад. Мушкилоти азим ҷой дорад ва бояд сабр кунем", - навиштааст ӯ.

Президент зикр намудааст, ки соли гузашта вазъи системаи энергетикиро дида, дар ҳайрат мондааст. Ӯ ҳамон замон ба Вазорати энергетика супориш додааст, ки минбаъд як танга қарз ҳам намегирад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вВазири энергетикаи Қирғизистон аз қатъи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизисон хабар дод.
Бекмурзаев иллати қатъ гардидани интиқоли барқро ба нигаронӣ ва шӯру ғавғои шаҳрвандони Тоҷикистон рабт дод.

"Баъди интишори маълумот дар бораи воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон шӯру ғавғо баланд шуд, зеро онҳо низ сиёсатмадор доранд. Мо тавонистем, ки танҳо чор рӯз барқ гирем”, - гуфта буд Бекмурзаев.

Хабари интиқоли барқ ба Қирғизистон мавриди бархӯрди шадиди шаҳрвандон карор гирифт. Ба навиштаи сокинон, дар сурати набуди таъминоти пурраи дохилӣ, содироти он ғайри қобили қабул аст. Аз нигоҳи сиёсӣ низ назарҳое буданд, ки гуфта мешуд, Тоҷикистон набояд чунин иқдом мекард.

Аммо баъди чанд рӯз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар шарҳи содирот гуфт, ки пешниҳоди интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамсоя аз ҷониби ҳамкорони қирғиз сурат гирифт.

Илова бар ин вазорат таъкид карда буд, ки нерӯи барқ фурӯхта намешавад: ҷараён тибқи усули мувозинати тавозуни ҷараёни барқ дар системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва минтақаи ҷанубии Қазоқистон сурат мегирад.

Ин ниҳод мегуфт, ҷониби Қирғизистон буд, ки барои хариди барқ ба ҶСК "Барқи Тоҷик" нома фиристод.

Комментарии (0)

Оставить комментарий