“Ин хабари дурӯғ аст”: Дар Суғд, ҳодисаи сангбороншавии мошини қирғизҳоро рад карданд

“Ин хабари дурӯғ аст”: Дар Суғд, ҳодисаи сангбороншавии мошини қирғизҳоро рад карданд
Матлуба Ҷӯрабоева, муовини раиси ҷамоати Хистеварз ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон рухдоди сангзании мошини қирғизҳо аз ҷониби низомиёни тоҷикро рад намуд.

“Ман ҳам ин хабарро хондам, ин хел ҳодиса дар ҳудуди ҷамоат рух надодааст. Ин паҳни хабари бардурӯғ аст. Ҳоло ҳама ҷо тинҷу ором аст”, - гуфт муовини раиси ҷамоати Хистеварз.

Ин дар ҳолест, ки КДАМ Қирғизистон дирӯз дар расонаҳои ин кишвар дар бораи осеб дидани мошини низомиёни қирғиз аз сӯи сарҳадбонони тоҷик хабар ба додааст.

Бар пояи хабари нашршуда КДАМ Қирғизистон гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 4 ноябр дар ноҳияи Лайлак, дар қитъаи роҳи Арка-Борбордук дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Бостон" рух додааст.

Ҳодиса тавре рух додааст, ки гуё як марзбони қирғиз савори мошинаш кӯшиш гардиш кардааст ва "дар ҷараёни ин ҳаракат мошинро панҷ низомии тоҷик сангборон карданд”, - омадааст дар хабарномаи КДАМ Қирғизистон.

Аммо масъулони ҷамоатҳои наздимарзии Суғд паҳни хабарҳо дар бораи вуқӯъи ин ҳодисаро дурӯғ ва иғвоангезии марзӣ аз ҷониби кишвари ҳамсоя медонанд.

Аҳмадҷон Шукурзода, раиси ҷамоати Овчи - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хушбахтона марз ором ва паҳни хабарҳо дар бораи сангзании низомиёни қирғиз асоси воқеӣ надорад.

“Ин гуна ҳодиса рух надодааст ва чунин хабарҳо сохта ва бофтаи ҷониби қирғизҳо аст”, - гуфт Шукурзода.

Ёдрас мешавем, ки КДАМ Қирғизистон дирӯз дар расонаҳои ин кишвар дар бораи осеб дидани мошини низомиёни қирғиз аз сӯи сарҳадбонони тоҷик хабар додааст.

Тибқи гузориши ин ниҳод, рӯзи 4 ноябр дар ноҳияи Лайлак, дар қитъаи роҳи Арка-Борбордук дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Бостон" як марзбони қирғиз савори мошинаш кӯшиш гардиш кардааст.

"Дар ҷараёни ин ҳаракат мошинро панҷ низомии тоҷик сангборон карданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ мегӯяд, онҳо кӯшиши боздошти ӯро кардаанд, вале бебарор будааст. Сарҳадбон осеб надидааст, танҳо шишаи мошинаш шикастааст.

Хистеварз ва Овчи – Қалъача ду ҷамоати наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳсуб мешаванд. Хистеварз беш 22, 5 ва Овчӣ – Қалъача беш аз 18, 4 километр бо Лайлаки Қирғизистон марзи мушатарак доранд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар умум беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз таъйину аломатгузорӣ ношуда боқӣ мондааст.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий