Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Узбекистон интихоб шуд

Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Узбекистон интихоб шуд
Шавкат Мирзиёев барои муҳлати дуюм Президенти Узбекистон интихоб шуд. Ба тарафдории ӯ 80,1%-и интихобкунандагон овоз доданд, иттилоъ дод раиси Комиссияи марказии интихобот Зайниддин Низомхоҷаев.

Тавре хабарнигор Хушнуд Раҳматуллоев аз Узбекистон иттилоъ медиҳад,  интихобот дар шароити рақобати воқеӣ миёни номзадҳо ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифт.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ки Зайниддин Низомхоҷаев эълон намуд, ба ҷонибдории Шавкат Мирзиёев, номзад аз Ҳизби либерал -демократ 80,1%-и интихобкунандагон овоз доданд. Комиссияи марказии интихоботӣ ӯро президенти интихобшуда эълон намуд.

Мақсуда Ворисова аз Ҳизби халқӣ-демократӣ 6,6%, Алишер Қодиров аз ҳизби “Миллий тикланиш” 5,5%, Нарзулло Обломуродов аз Ҳизби экологӣ 4,1% ва Баҳром Абдуҳалимов аз Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” 3,4% овоз гирифтанд.

«Дар айни замон тамоми бюллетенҳои интихоботӣ ҳисоб карда шудаанд»,-иброз намуд раиси Комиссияи марказии интихоботӣ. Дар интихобот 16212343 нафар ё худ 80,4%-и интихобкунандагони ба қайд гирифташуда (20158907 – маълумоти охирин) иштирок намуданд. Дар овоздиҳии пешакӣ беш аз 421 ҳазор нафар ширкат варзиданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий