Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузоршуда эътироф шуд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузоршуда эътироф шуд
Интихоботи президентӣ дар ҳоле баргузоршуда эътироф мешавад, агар 33 дарсади интихобкунандагон раъйи худро гузоранд

Интихоботи президентии Ӯзбекистон баргузоршуда эътироф шуд, зеро то нисфирӯзи 24 октбяр аллакай 33 дарсади интихобкунандагон дар ин маърака иштирок карданд.

Баҳром Қучқаров муовини раиси КМИ ба хабаргузории Sputnik Ӯзбекистон изҳор дошт, ки интихобот аллакай баргузоршуда ҳисобида мешавад.

"Мувофиқи системаи электронӣ, ки иштироки овоздиҳандагонро сабт мекунад, соати 6:00 6 669 552 интихобкунанда ба участкаҳои интихоботӣ омаданд, ки 33,6% -и рӯйхати умумиро ташкил медиҳанд", - гуфт Кучкаров.

Барои муқоиса, дар интихоботи президентии соли 2016 иштирок дар соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ 33,73% интихобкунандагонро ташкил дод.
Тибқи қонунгузории Ӯзбекистон, бо иштироки 33 дарсади раъйдиҳандагон, интихобот баргузоршуда эътироф мешавад.

Бар хабари КМИ, дар Ӯзбекистон 10 760 ҳавзаи интихоботӣ аъсис дода шудааст. Илова бар ин, дар 49 кишвари хориҷ 55 қитъаи овоздиҳӣ сомон дода шудааст. Фаъолияти ҳамаи ҳавзаҳо ва қитъаҳои овоздиҳӣ соати 20:00 анҷом меёбад ва субҳи рӯзи дигар натиҷаҳои интихобот эълон хоҳад шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий