Ҷабборов дар бораи таҳкими марз ва посухи ҷиддӣ: Мо ҳеҷ гоҳ низоъро шуруъ накардаем
Президенти Қирғизистон таҷҳизи густардаи техникаи ҳарбӣ дар сарҳадоти Қирғизистонро эълон кард
Таъмини техникаи нави низомӣ ба марзбонони Қирғизистон омодагӣ ба ҷанг нест. Дар ин бора президенти ҷумҳурӣ Содир Ҷабборов дар маросими интиқоли силоҳ ба марзбонони кишвараш изҳор кард.
Ҷабборов ишора кардааст, ки дар сурати кӯшиши забти қаламраи Қирғизистон вокуниши ин кишвар шадид хоҳад буд.
Вай ҳамчунин ба аҳамияти навсозӣ ва такмили силоҳи марзбонон таъкид кардааст. Интиқоли таҷҳизоти нав барои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баҳори соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.
Ӯ гуфтааст, ки шаҳрвандони кишвар дар сурати ҳифзи қаламрави ҷумҳурӣ метавонанд "оромона хоб кунанд".
"Агар сарҳад заиф шавад ва марзбонон дастгирии зарурии моддию техникӣ надошта бошанд, наметавон дар бораи субот дар кишвар сухан гуфт", - таъкид кардааст Ҷабборов.
Вай қайд кард, ки амнияти ҳар як давлат аз ҳифзи сарҳад оғоз мешавад.
Ба гуфтаи раҳбари Қирғизистон, ин ҷумҳурӣ тӯли 30 сол ҳеҷ гоҳ бо кишварҳои дигар муноқиша ва "қаламравҳои хориҷиро бо силоҳ ғасб накардааст".
"Ин дар оянда рӯй нахоҳад дод. Аммо агар талошҳо барои забти қаламравҳои мо сурат гиранд, посух сахт хоҳад буд", - гуфтааст Ҷабборов.
Вай ҳамчунин афзуд, ки дар соли 2022 маоши марзбонони Қирғизистон афзоиш хоҳад ёфт.
Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимоти оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳар ду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардошт. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.
Комментарии (0)