Номзад ба мақоми президенти Ӯзбекистон хостори роҳандозии андози нав барои муҳоҷирон шуд
Номзад ба мансаби президентии Ӯзбекистон мегӯяд, ки кор дар хориҷ бояд ба давлат фоида орад
Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд андоз аз даромад супоранд. Ин пешниҳодро номзад ба президенти Ӯзбекистон ва раиси ҳизби демократии "Эҳёи миллӣ" Алишер Қодиров ироа кардааст.
Сиёсатмадор суолгузорӣ кардааст, ки чаро шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар хориҷ кор мекунанд, аз даромади худ андоз намесупоранд.
"Бигзор пуле, ки муҳоҷирон кор мекунанд ва ба ватан мефиристанд, на танҳо ба оилаи онҳо, балки ба рушди кишвар низ равона шавад", - таъкид кардааст Қодиров.
Ин бори аввал нест, ки ҳизби "Эҳёи Миллӣ" пешниҳодҳои радикалӣ ироа мекунад.
Замони ҳамагирии коронавирус дар соли 2020, ҳизб даъват кард, ки интиқоли шаҳрвандони Ӯзбекистон аз кишварҳои дигар қатъ карда шавад.
Қодиров гуфта буд, ки меҳмонон метавонанд ба кишвар COVID-19 ворид кунанд. Ҳамзамон, вай роҳи алтернативӣ пешниҳод кард - маблағгузории табобати ҳамватанон дар хориҷи кишвар.
Тибқи омори Бонки марказии Ӯзбекистон, дар соли 2020 маблағи интиқоли муҳоҷирон аз дигар кишварҳо то 6,027 миллиард доллар ва ҳаҷми маблағҳои аз кишвар фиристодашуда то 1,198 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.
Аксари маболиғи интиқолшуда байни Ӯзбекистон ва Русия сурат гирифтааст. Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти охир, ба Ӯзбекистон аз Русия 4 миллиарду 344 миллион доллар интиқол ёфтааст.
Ёдрас мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон 24 октябр баргузор мешавад.
Комментарии (0)