Ҷабборов мушовири тоҷикашро аз мақомаш барканор кард: ӯ барои вакилӣ мубориза мебарад

Ҷабборов мушовири тоҷикашро аз мақомаш барканор кард: ӯ барои вакилӣ мубориза мебарад
Президенти Қирғизистон мушовири тоҷиктабораш Равшанбек Собировро аз мақомаш барканор кард

Содир Ҷабборов қарори барканории Равшанбек Собировро имрӯз, 12 октябр, имзо кардааст. Дар ин бора котиботи президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Равшанбек Собиров бинобар пешниҳоди номзадияш барои ширкат дар интихоботи навбатии парлумони Қирғизистон аз мақомаш барканор шуд.

Равшанбек Собиров, раиси Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ аввали соли ҷорӣ аз мақоми муовини сарвазир барканор ва то кунун дар курсии мушовири президенти Қирғизистон менишаст.

Равшан Собиров 51-сола аст ва дар хонаводаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Аз моҳи августи соли 2008 раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистонро ба уҳда дорад.

Ӯ дар гузашта вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон (2011-2012) ва вакили парлумон низ буд.

Талоши ахири ӯ барои расидан ба курсии вакилӣ дар интихоботи гузаштаи парлумонии Қирғизистон буд, ки он ба гирдиҳамоиҳову барканории Сооронбой Жеээнбеков ва сари қудрат омадани Ҷабборов сабаб шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий