Фурудгоҳи "Самарқанд" баста мешавад: UzAiroports сабабашро гуфт
Бандари ҳавоӣ аз 20 октябр то 20 ноябри соли ҷорӣ баста мешавад
Фурудгоҳи байналмилалии "Самарқанд" аз 20 октябр парвозҳоро муваққатан қатъ мекунад, хабар медиҳад Uzbekistan Airports.
Ин тасмим дар робита ба омодагӣ ба истифода додани маҷмааи нави фурудгоҳ гирифта шудааст. Бандари ҳавоӣ то 20 ноябр баста мешавад.
Гуфта мешавад, ҳама парвозҳо ба дигар фурудгоҳҳои кишвар - Навоӣ, Бухоро, Қарши равона карда мешаванд. Дар он ҷо барои мусофирон ба Самарқанд интиқоли заминӣ ташкил карда мешавад. Интизор меравад, як маҷмааи нави аэродром барои омодагӣ ба нишасти СҲШ дар соли 2022 сохта ва ба истифода дода шавад.
Дар айни замон, як хатсайри нави парвоз бо дарозии 3 105 метр ва паҳнои 60 метр қариб ба анҷом расидааст. Танҳо пайваст кардани роҳҳои такси бо ин рах ва пешдоман боқӣ мемонад. Кор дар давоми як моҳ ба анҷом мерасад.
Комментарии (0)