ТОЛИБ ҲОКИМИЯТИ 5 ҲАЗОРСОЛАИ ХУРОСОНРО БА МАСХАРА ГИРИФТ

ТОЛИБ ҲОКИМИЯТИ 5 ҲАЗОРСОЛАИ ХУРОСОНРО БА МАСХАРА ГИРИФТ

Ман аз дидори толиб дар сари бозор метарсам,
Зи лунгии сияҳу риши ушпушдор метарсам.
                                                              Ҳорун Юсуфӣ

Бо шинохти амиқ аз хатари вуҷудии толибон, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ аз сар задани ҷабри таърих ва такрори даҳшати воқеаҳои гузашта, ки давлатро вайрона, халқро пароканда ва ҷомеаро валангор кард, каминаро водор ба навиштани ин сатрҳо намудааст. Имрӯз Панҷшер ба ҳайси қалъаи Брест аст, ки аз пирӯзӣ ва мағлубияти он тақдири ояндаи тоҷикон вобастагии мустақим дорад.     

Ҳақиқати ҳол баръакси он даъвоҳое баромад, ки коршиносони худиву бегона ҳақбаҷонибона пешгӯӣ мекарданд, «ҷомеаи адолатпарвар ва босуботи диниро»-ро баъди хуруҷи кишвари бегона аз Афғонистон ваъда медоданд. Ҳаргиз интизорашро надоштанд, ки раванди инкишофи воқеаҳо бо омадани ваҳшитарин қувва – Толибон ба сари қудрат чунон ғайриинтизор мардумро ғофилгир мекунад. Дар ин юриши толибонӣ тоҷикони Афғонистон танҳо монданд ва ба истиснои Тоҷикистон касе онҳоро пуштибон нест. Ин ҳодисаи нанговар  якеро маҷбур ба тарки Ватан, дуюмиро дучори сактаи мағзӣ, сеюмиро водор чун зоҳидони сӯфимашраб ба гӯшанишинӣ намуд.  

Афғонистони толибонӣ намунаи барҷастаи кишварест, ки аз инкишоф, рушду нумуъ, ҳунар, санъат, илм, ҳуқуқи инсонӣ ва умуман одамгарӣ орист. Мардуми Афғонистон марҳилаи душворро паси сар мекунад. Дар ин сарзамин, ки улгуи тамаддун ва дастовардҳои бостонӣ арзёбӣ мегардад, дигар нишоне аз ҳузури миллатҳои тамаддунофар дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ нест. Афғонистони соли 2021 мазҳари кишвари асримиёнагиест, ки ҳузури як қавми қафомонда ва намоиши халқе аз инсоният бӯе набурда тамоми халогоҳи ҷомеаро дар ВАО пур кардааст. Тантанаи эзору пирон-тунбон (пироҳан ва тунбон), ифлосии беҳамтои сарулибос ва риши бефаросат, ки толибро ба худиҳову бегонагон мешиносонад, тасвири имрӯзаи ҳамсоякишвар дар зеҳни ҷаҳон аст.         

Дар Афғонистони имрӯза каси оқил ҷои пой надорад. тоҷикҳо аз ҳама ҷо ронда шудаанд. 70 дарсади урдуи собиқа ҳам тоҷик буданд, агар ба ин шумора ҳазораву узбекҳоро зам кунед, тасвири воқеии артиш аён мешавад. Ҳазораву узбекҳо вазъияти бадеро имтиҳон мекунанд. Якеро мазҳабаш боиси қабул нест, яъне мазҳаби ҷаъфария ва ё фиқҳи ҷаъфарӣ аз сӯи толибони ваҳшисурат пазируфта нашудааст, забони узбекиро бошад, аз долонҳои ҳукуматӣ ронданд ва аз мақоми расмӣ маҳрум намуданд. 

Толибон шинохти хуб аз қатлу одамкушӣ доранд, вале дарки ночиз ва сатҳӣ аз мардум ва ҷомеаи ин кишварро  доранд. Њамин омил аст, ки бо мурури 2 моҳ то ҳол касе аз мудирияти онҳо ва роҳбарони онҳо хабаре надорад.  

Мардуми Афғонистон ҳеҷ вақт нуфузи асрисангии толибонро қабул нахоҳанд кард. Ҳоло марҳилаи шаклгирии муқовимати сартосарӣ дар Афғонистон аст. Намешавад бо ин ҳолу ҳаво ва низоми пӯсидаи толибонӣ коре накард. Туб ҳоло дар майдони мардуми бовиқори Афғонистон аст, ки ҳатман ҷавоби дандоншикан ба онҳо хоҳад дод.    
    
Чизе ки мехостам, ба хонандагон ишора намоям, фиреби диндории толибонро нахӯрдан аст. Толибон ҳеҷ рабте бо ислому шариат надоранд. Касе ки ин гуфтаҳоро қабул надорад, мусоҳибаи Абдулҳанони Ҳаққонӣ, узви раҳбарии толибон ба ТВ «Тулӯъ»-ро тамошо намояд, ки ӯ рӯирост тоҷикон ва узбекҳоро кофир эълон намуд ва ҷони онҳоро беарзиш ва қобили қатлу моликияташонро боиси тарака донист.  
Ин чӣ Ислом бо тафсири толибонӣ аст, ки олими дин, хатмкардаи мадрасаи динӣ ва Президенти кишвари исломиро -  Бурҳониддин Раббониро куштанд. Аҳмадшоҳи Масъудро бо он, ки дар ин роҳ умрашро  сарф кард, напазируфт. Аз ин рӯ, шариати толибонӣ ниқобе ҷузъ барои куштани тоҷик ва маҳв сохтани фарҳангу тамаддуни муосир нест. Толиб душмани рақами якуми тоҷикон аст. Ин лоиҳаест барои наслккушӣ. Ба ишораи ноби Шаҳрия «Толиби ҷуғди сияҳ марзи Хуросони маро ҳаргиз накунад вайрона».

Тоҷикони Афғонистон бояд иттиҳоди худ ва мардуми Афғонистонро нигоҳ дошта, камарро бояд маҳкам банданд ва ба ҷанги дурудароз ва бо умед ба пирӯзӣ омодагӣ бинанд. Кашмакашӣ байни худ ва лидерпарастӣ фарҷоми хуб надорад, як раҳбар ва он ҳам Аҳмади Масъуд ифодагари арзу ниёзи тамоми мардуми Афғонистон аст. Тамоми лидерони тоҷику узбек ва ҳазора аз ӯ баъйат кунанд нураналонур хоҳад шуд.  

Нақшаи роҳи «Ҷабҳаи муқовимати миллӣ» бо ташкили як ҳукумати сартосарӣ ва ҳамашумул бо роҳбарии Аҳмади Масъуд бояд дар наздиктарин фурсат таъсис дода шавад ва мардуми Афғонистон итминон дошта бошанд, ки пирӯзӣ аз онҳост. Касе ки ба ҷавонии Аҳмади Масъуд шаке дорад ва иттиҳоди тоҷиконро зери шубҳа мебарад, аз мо нест, бояд бидонад, ки қиблагоҳи маҳрумашон 26 сол доштанд, ки бо унвони «Шери Панҷшер» машҳур гаштанд ва бо мушкиот дасту панҷа нарм мекарданд. Ин ҷавонмард ҳам аз ҳамон дудаи кору пайкор аст, ки имкони таърихии бориз барои эҳёи нуфузи тоҷикон дар Афғонистонро дорад.   

Адабиёти мо, имконияти мо, рафтори мо ҳоло ҳама барои ҷабҳа равона гардад ва оҳанги набардро тантана намояд.
 Эй қавм туро умеди озодӣ нест,
 То саҷда кунӣ ба қиблаи бегона.

Бедилзода Ҳ.К. омӯзгор, 
коршиноси масоили сиёсӣ

Комментарии (0)

Оставить комментарий