Инро бояд дид: муҳофизони Ким Чен Ин аз паси мошинаш медаванд
Дар навор дида мешавад, ки муҳофизони роҳбари Кореяи Шимолӣ дар аввал оҳиста аз қафои мошини Ким Чен Ин роҳ мегарданд, сипас медаванд
Дар Владивосток ҳайъати роҳбари Кореяи Шимолӣ соати 11:01 бо вақти Маскав ба истгоҳи вокзал расид.
Дар навор дида мешавад, ки чигуна пеш аз баромадани Ким Чен Ин аз қатор, муҳофизоне дар даст дастпӯши сап-сафед доштанд, дастакҳои вагонро тоза мекунанд.
Бояд қайд кард, ки пеш аз истодани қатор муҳофизони Ким Чен Ин аз паси он медаванд. Пас аз истодани қатор, муҳофизон барои роҳбари Кореяи Шимолӣ кӯпрук мегузоранду қолин меандозанд.
Ким Чен Ин аз вагон баромада, дасти мақомдорони русро мефишорад. Сипас онҳо якҷоя ба майдони назди вокзал мераванд.
Роҳбари Кореяи Шимолӣ пас аз гузаштан аз назди қоровули фахрӣ, ба лимузинаш менишинад. Дар навор дида мешавад, ки муҳофизони роҳбари Кореяи Шимолӣ дар аввал оҳиста аз қафои мошини Ким Чен Ин роҳ мегарнданд, сипас медаванд.
Дар хидмати Ким Чен Ин беш аз 120 ҳазор муҳофиз, қатори зиреҳпӯш, лимузини сиёҳ, ротаи тонкии махфӣ, чаҳор доираи муҳофизон ва муҳофизони яккачин мебошанд.
Шояд ҳамин чораҳои амнияти будааст, ки хонадони Кимҳо солҳои тулонӣ қудратро дар кишвар дар дасти худ нигоҳ доштанд.
Комментарии (0)