Ноиби сарвазир аз ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар Душанбе боздид кард

Ноиби сарвазир аз ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар Душанбе боздид кард
Корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷойҳои холии корӣ пешниҳод карданд.Муовини сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ боздид карда, ба намояндагони корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ барои таҳкими фаъолияту ташкили ҷойҳои бештари корӣ тавсияҳо дод.Мансурӣ ҳамчунин бо пойгоҳи моддӣ — техникӣ ва раванди таълим дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз наздик шинос гардида, ба имконияти таҳсил ва шароити мавҷудаи омодасозии кадрҳо баҳои баланд додаст.Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон коҳиши сатҳи бекорӣ дар кишварро ба ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ рабт медиҳад, ки бархе бекоронро бо ҷои кор таъмин мекунад.
Ба иттилои ин ниҳод, сатҳи бекорӣ дар кишвар ба ҳолати аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, қариб 10% кам шудааст.Дар маҷмуъ, дар охири соли 2023 дар ҷумҳурӣ 48,3 ҳазор нафарро расман ҳамчун бекор сабтином кардаанд ки 9,7% коҳиш ёфтааст.Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, соли гузашта дар кишвар беш аз 230 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 34,2% доимӣ, 18,7% муваққатӣ ва 44,4% мавсимӣ будаанд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий