"Тортанаке, ки дар тораш печид": Маскав дурӯягии Вашингтонро нишон дод

"Тортанаке, ки дар тораш печид": Маскав дурӯягии Вашингтонро нишон дод
Изҳороти Вашингтон дар вокуниш ба иттиҳомоти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ алайҳи раҳбарияти Исроил ба вокуниши каждуме монанд аст, ки худро неш задаст.Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳорот дода, афзуд, ки вокуниши ИМА ба тортанаке монанд, ки дар тори худ печидаст.Сафири Русия дар ИМА, Анатолий Антонов гуфт, баҳодиҳии Вашингтон дар бораи амалкарди ДБҶ нисбати Русия ва Исроил намунаи стандартҳои дугона ва риёкорист.Кохи Сафед қонунияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноятро рад мекунад, вақте ки сухан дар бораи манфиатҳои худ меравад. Дар баробари ин, вай ташкилотро бар зидди онҳое, ки душман мешуморад, истифода мебарад, таъкид намуд Антонов.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талаби додгоҳи байналмилалӣ барои ҳабси сарвазири Исроилро, Бенямин Нетаняҳуро шармандагӣ хонд.
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ин қарорро маҳкум карду Конгресс таҳдид намуд, ки дар сурати содир шудани санади боздошт алайҳи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ таҳримот ҷорӣ хоҳад шуд.Соле пеш Вашингтон аз тасмими ин додгоҳ дар бораи додани ордер ба ҳабси раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ва омбудсмени кӯдакон Мария Лвова-Белова бо гумони «депортатсияи ғайриқонунии кӯдакон», ки баъдан «ногаҳон» дар Олмон пайдо шуданд, дастгирӣ ва истиқбол карда буд.Аммо дар мавриди Нетаняҳу, мақомоти ИМА аслан «кафшҳои худро дар як ҷаҳиш иваз карданд» ва ба хотир оварданд, ки ин додгоҳ наметавонад барои ҳабси намояндагони кишварҳои берун аз салоҳияташ (ба монанди Русия) ордер диҳад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий