Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ: Чаро марг дар роҳҳои Тоҷикистон зиёд шудаст?

Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ: Чаро марг дар роҳҳои Тоҷикистон зиёд шудаст?
Панҷ нафар бар асари садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ҳалокат расидаанд, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, мошини тамғаи Ravon таҳти идораи сокини 33-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба пойтхт аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба поён сарозер шуд."Дар натиҷа ронанда ва чаҳор мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд«, — мегӯяд КҲФ.Танҳо як духтари 6-сола аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон зинда монд ва ҳоло зери назорати табибон қарор дорад.Бар асоси омори расмӣ, ҳалокати одамон дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта нисбати нишондоди соли қаблӣ 25% зиёд шудаст.Мақомоти Тоҷикистон ахиран барои ихтисори ҳудуди 30%-и кормандони Бозрасии автомобилӣ қарор карданд, ки яке аз аҳдофи он таъмини тартибот гуфта мешавад.Қаблан масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобилро гуфтанд.Муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз сабабҳои асосии дигари садамаҳои нақлиётӣ арзёбӣ мешавад.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий