Сардӣ бозори гази моеъро дар Тоҷикистон гарм кард: Чаро нархҳо боло рафтанд?

Сардӣ бозори гази моеъро дар Тоҷикистон гарм кард: Чаро нархҳо боло рафтанд?
Литри гази моеъ дар нуқтаҳои маводи сӯхти Тоҷикистон то 6,8 расидааст, бармеояд аз нархномаҳои нуқтаҳо.Баландшавии нарх бештар дар фурӯши гази моеъ мушоҳида мешавад. Бино ба тоблӯҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт тартиб додаанд, нархи гази моеъ то 6, 7 — 6, 8 сомонӣ баланд шудааст. Як ҳафта қабл ин навъи сӯзишворӣ ба ивази 6,5 сомонӣ фурухта мешуд.Роҳбари яке аз нуқтаҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд, Абдулло Исмоилов таъминоти сӯзишворӣ тағйирёбии нархи гази моеъро ба арзиши воридотии он рабт медиҳанд."Нархи воридоти яклухти ҳар кило гази моеъ аз 10,2 сомонӣ ба 10,6 сомонӣ баланд шуд. Ин ҳолат ба нархи фурӯши чаканаи мол бе таъсир буда наметавонад« — гуфт Исмоилов.Тибқи мушоҳидаҳо ҳоло ба ҳисоби газ арзиши бензин ҳам каме баланд шуда дар ин миён танҳо арзиши сӯзишвории дизелӣ дар сатҳи 11,4 сомонӣ бетағйир боқӣ мондааст.Баъзе аз коршиносон мегӯянд, дар сардшавии ҳарорати ҳаво талабот ба сӯзишворӣ бештар мегардад ва ин омил ҳам ба афзоиши нарх таъсир мерасонад.Як ҳафта ба ин тараф ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон сард гардида дараҷаи он аз + 3 °C то ба — 1 °C поён шуд. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат аз ин ҳам поёнтар гуфта мешавад. Бино ба арзёбии обуҳавосанҷон сардшавии ҳарорат то як ҳафтаи дигар дар навоҳии кишвар давом хоҳад кард.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий