Нақд ҳанӯз ҳам 80%: сабти афзоиши бесобиқаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон соли гузашта афзоиши бесобиқаи пардохтҳои ғайринақдиро сабт кардааст.Соли 2023 дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ба маблағи 15,5 млрд сомонӣ тариқи воситаҳои электронии пардохтӣ — кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ — амалиётҳои ғайринақдии пардохти молу хизматрасонӣ анҷом дода шудааст, гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Фирдавс Толибзода."Дар пайи ин таносуби ҳиссаи амалиётҳои марбут ба гирифтани пули нақд ва амалиётҳои ғайринақдӣ 80% ба 20% — ро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ 8% зиёд гардидааст«, — афзуд роҳбари БМТ.Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҳолати 31 декабри соли 2023 теъдоди умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 6,7 млн ё 32,6% ва ҳамёнҳои электронӣ ба 8,7 млн адад ё 37,6% дар қиёс бо ҳамин санаи соли 2022 афзоиш ёфтааст.Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, шумораи аҳолии кишвар дар соли 2023 ба 10,2 млн нафар расидааст.Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, далели афзоиши теъдоди кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ қабл аз ҳама ба муштариён бармегардад, ки аз хизматрасонии чанд бонк истифода мекунанд."Вақте корт гирифтед, ҳамён низ дар телефонатон насб мешавад ва вақте як нафар корти чанд бонкро ба даст меорад, табъан чанд корту чанд ҳамён дорад«, — гуфт Толибзода.Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, барои анҷоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар соли 2023 дар муассисаҳои савдову хизматрасонӣ қариби 7 ҳазор POS-терминал насб шудааст, ки дар қиёс бо соли 2022 беш аз 79% зиёд аст.Ба хотири бо пули нақд таъмин намудани соҳибони кортҳои пардохтӣ соли 2023 аз ҷониби ташкилотҳои қарзию молиявии Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 2,2 ҳазор банкомат ва қариби 3,5 ҳазор терминали электронӣ дар хазинаҳои воҳидҳои сохтории бонкҳо насб карда шудаанд, ки ин рақам дар қиёс бо соли 2022 мутаносибан қариби 30% ва 64% афзойиш ёфтааст.Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ин ниҳод, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 12,6 ҳазор QR-рамзи ягона насб карда шуд, ки дар қиёс бо соли гузашта 28% кам буда, сабаби ин коҳиш гузариш ба QR-рамзи ягона мебошад.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)