Заминларза Тоҷикистонро такон дод: шарҳи КҲФ

Заминларза Тоҷикистонро такон дод: шарҳи КҲФ
Тоҷикистонро давоми ҳамагӣ чанд дақиқа ду заминларза такон дод.Дар ин бора сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар Умеда Юсуфӣ дар такя ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, зилзила 11 январи соли 2024 соати 14:20 дақиқа ба қайд гирифта шуд.Гуфта мешавад, ки маркази заминларза 250 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон мебошад."Шиддати ларзиш дар марказаш — 5 бал, дар шаҳри Душанбе, ҳудуди ВМКБ, вилояти Хатлон, минтақаи Рашт — 3 бал ва дар вилояти Суғд 2 балро ташкил дод«, — афзуд манбаъ.
Манбаъ гуфт, ки тибқи маълумотҳои пешакӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ОМ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоя​

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий