Вазорати хориҷаи Қазоқистон дипломатҳои толибҳоро таъйиди салоҳият кард

Вазорати хориҷаи Қазоқистон дипломатҳои толибҳоро таъйиди салоҳият кард

Вазорати умури хориҷаи Қазтоқистон бо дархости ҳукумати феълии Афғонистон мабни бар таъйиди салоҳияти дипломатҳои худ дар Остона посухи мусбат дод

Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Қазоқистон Айбек Смадияров ахиран дар як нишасти хабарӣ эълом кард вазорат бо дархости мақомоти толибҳо мабни бар таъйиди салоҳияти дипломатҳои худ дар остонаи посух мусбат додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

“Дар посух ба дархости идораи ҷадиди Афғонистон барои таъйиди салоҳияти дипломатҳо, тасмими мусбати гирифтем", - таъкид кард оқои Смадияров.

Ба гуфтаи вай сафоратхонахоҳои Афғонистон дар хориҷ аз намояндагии ин кишварро мутаваққиф кардаанд.

“Вазъият печидааст. Таърих намунаҳои зиёде аз тағйири қудрат дар теъдоде аз кишварҳоро мешиносад ки мусталзими пурсиши машруъияти мақомот ҷадид аст", - гуфт ӯ.

Намояндаи вазорати умури хориҷа дар айни ҳол хотирнишон кард, ки Қазоқистон аз як Афғонистони муваффақу воҳид ҳимоят мекунад, зеро ин кишвар марҳалаи душвори дигареро дар таърихи худ пушти сар мегузорад.

“Вуруди намояндагони идораи ҷадиди Афғонистон ба маъноӣ ба расмият шинохтан нест. Ин тасмим ҳамчунон дар инҳисори Созмон Милал аст", - оқои Смадияров.

Вай ҳамчунин суханони Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистонро ёдовар шуд, ки пеш аз ин гуфта буд Остона Афғонистонро бо мушкилоти кунунӣ танҳо нахоҳад гузошт.

“Раисҷумҳур бар бахши башардӯстонаи ҳамкории мо тамаркуз кард. Ба унвони мисол 90 дарсади орди масрафӣ дар Афғонистони аз Қазоқистон аст", - зикр кард вай.


Сарчашма: sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий