Ҷинпин: тақвият ва густариши равобит бо Русия, интихоби стратегии Чин аст

Ҷинпин: тақвият ва густариши равобит бо Русия, интихоби стратегии Чин аст
Раисиҷумҳури Чин аз 20 то 22 март бо сафари давлатӣ дар Русия қарор дорад. Ин нахустин сафари хориҷии Ҷинпин пас аз дубора интихоб шуданаш аст
 Интихоби стратегии Пекин таҳким ва рушди равобит бо Маскав аст, ин масир бетағйир боқӣ мемонад, гуфт Си Ҷинпин дар мулоқоти ғайрирасмӣ бо кишвардори Русия Владимир Путин.Дар ин бора, РИА «Новости» бо истинод ба вазорати корҳои хориҷии Чин хабар медиҳад.Сарони давлатҳо ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи Украина ва ҳамчунин нақшаи пешниҳодкардаи Пекин барои ҳалли мушкилро баррасӣ карданд."Ду кишвар, ки бузургтарин ҳамсояҳо ва шарикони ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд, ҳамдигарро дар дипломатия ва сиёсати хориҷии авлавият медонанд. Чин ҳамеша сиёсати хориҷии мустақилро пеш меббарад. Тақвият ва рушди муносибатҳо бо Русия интихоби стратегии Чин аст«, — гуфт Си Ҷинпин.
Вай таъкид кард, ки „марҳи умумии таҳкими ҳамкориҳои стратегии Чин ва Русия бетағйир боқӣ мемонад“."Ҳам Чин ва ҳам Русия саъй мекунанд, то рушди миллӣ ва эҳёи худро анҷом диҳанд, ҳарду кишвар аз бисёрқутбӣ дар ҷаҳон пуштибонӣ мекунанд ва ба демократисозии равобити байналмилалӣ мусоидат мекунанд«, — афзуд ӯ.Ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб бояд ҳамкориҳои амалӣ дар арсаҳои мухталифро идома дода, ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар чорчӯби СММ ва дигар анҷуманҳои бисёрҷониба тақвият бахшанд ва рукни сулҳу субот дар саросари ҷаҳон бошанд.

манба:​sputnik-tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий