Путин ба Эрдуғон: Русия барои музокира бо Украина ҳамеша омодааст

Путин ба Эрдуғон: Русия барои музокира бо Украина ҳамеша омодааст

Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯ бо кишвардори Туркия омодагии кишвараш ба музокирот бо Украинаро бо дарназардошти воқеиятҳои ҳудудӣ имрӯза, таъкид кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар гуфтугӯ бо кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдўғон, гуфт ки Русия омодааст барои музокира бо Украина, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Кохи Кремлин.

"Дар гуфтугӯ вазъи Украина мавриди баррасӣ қарор гирифт. Владимир Путин боз будани Русия ба музокироти ҷиддиро тасдиқ кард - ба шарте ки мақомоти Киев талаботҳое, ки қаблан баён шуда ва воқеиятҳои нави ҳудудиро ба инобат гиранд", - қайд кардааст дафтари матбуоти Кремл.

Дар хабар омодагии Туркия ба унвони миёнарав дар музокираи Маскав ва Киев таъкид шудааст.

Дар навбати худ Владимир Путин таваҷҷуҳи ҳамтои турки худро ба он ҷалб кард, ки на ҳама нерӯҳои байнулмилалӣ барои ҳалли зуд ва бо роҳи мусолиматомез анҷом додани низоъ талош доранд.

"Аз ҷониби Русия нақши тахрибкоронаи давлатҳои ғарбӣ сабт мешавад. Онҳо режими Киевро аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ва иттилооти оперативӣ таъмин мекунанд”, - афзуд Кремл.

Дар ҳамин ҳол, ахиран раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки интизор дорад, рӯзи панҷшанбе бо Владимир Зеленский вазъи Украинаро баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онро пешниҳод кунад.

"Мо имрӯз нақша дорем бо оқои Зеленский суҳбат кунем. Вазъ дар Украинаро баррасӣ мекунем, роҳҳои коҳиш додани низоъро пешниҳод хоҳем кард. Мо ҳамчунин "долони ғалларо" баррасӣ хоҳем кард", — гуфт Эрдуғон.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий