ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ БАДАХШОН ДАР ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА (5 АКС)

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ БАДАХШОН ДАР ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА (5 АКС)

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов рӯзи 16 феврал худаш дар ҳашари дастаҷамъона барои аз барф тоза кардани варзишгоҳи Хоруғ иштирок кардааст. Садҳо нафар барои чунин амал ба ин мансабдори баландпоя офарин хондаанд. Музаффар Имомдод менависад, Ёдгор Файзов як намунаи ибрат барои мансабдорони тоҷик бояд бошад, чунки:
1.Ӯ аз хидмати муҳофизон даст кашид.
2.Ӯ аз мошини сиёҳшиша даст кашид.
3.Ӯ пиёда ба кор мерасад.
4.Ӯ барои адои намоз ба ҷамоатхона рафта, бе намоишкорӣ ва дабдаба қатори шаҳрвандони оддӣ рӯи ҷонамоз мешинад.
5.Ӯ дар рӯзҳои қабулаш дар навбати аввал солхӯрдаҳо ва сокинони ноҳияҳои дурдастро ба ҳузур мепазирад.
6.Аз ин рӯ, мардум ӯро эҳтиром мекунад ва дӯст медорад, чизе ки нисбати дигар мансабдорон наметавон гуфт.

Маркази матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо нашри чанд акс хабар дод, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов рӯзи 16 феврал дар қатори дигари кормандони ҳукумати вилоят дар ҳашари дастаҷамъӣ дар варзишгоҳи Хоруғ шахсан иштирок кардааст.

Сухангӯи ҳукумати ВМКБ Ғолиб Ниятбеков (Голиб Ниятбеков) ин аксҳоро дар Фейсбук бо чунин навишта нашр кардааст: ”Иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов дар ҳашари дастаҷамъонаи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барои аз барф тоза кардани Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ.

Садҳо нафар ба роҳбари Бадахшон Ёдгор Файзов барои чунин амали намунаи ибрат аҳсану офарин хондаанд.

Ёдгор Файзов, ки қаблан роҳбарии намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, рӯзи 1 октябри соли 2018 ба ҷои Шодихон Ҷамшед иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ таъйин шуд ва инак, чоруним моҳ боз дар ин мақом кор мекунад.

Бисёре аз сокинон ва зодагони Бадахшон бар инанд, ки Ёдгор Файзов дар ин муддати кӯтоҳи кораш дар ин мақоми баланд намунаи як мансабдори комилан дигар – бидуни карру фарру дабдаба ва хеле хоксору мардумиро ба намоиш гузошт.

Музаффар Имомдод (Muzaffar Imomdod), як блогнависи шинохтаи зодаи Бадахшон рӯзи 16 феврал дар гуруҳи ЦАВОР-КУ*ЕН дар Фейсбук бо ситоиш аз амалкардҳои Ёдгор Файзов дар мақоми роҳбари ВМКБ навишт:

"Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бояд як намунаи ибрат барои тамоми мансабдорони Тоҷикистон шавад!
Хислатҳои фарқкунандаи вай:
1.Ӯ аз хидмати муҳофизон даст кашид
2.Ӯ аз мошини сиёҳшиша даст кашид
3.Ӯ пиёда ба кор мерасад
4.Ӯ барои адои намоз ба ҷамоатхона рафта, бе намоишкорӣ ва дабдаба қатори шаҳрвандони оддӣ рӯи ҷонамоз мешинад
5.Ӯ дар рӯзҳои қабулаш дар навбати аввал солхӯрдаҳо ва сокинони ноҳияҳои дурдастро ба ҳузур мепазирад.
6.Аз ин рӯ, мардум ӯро эҳтиром мекунад ва дӯст медорад, чизе ки нисбати дигар мансабдорон наметавон гуфт.”

Комментарии (0)

Оставить комментарий