САЙФУЛЛО САФАРЗОДА: НАФАҚА ҲАТТО БАРОИ СИГОР НАМЕРАСАД

САЙФУЛЛО САФАРЗОДА: НАФАҚА ҲАТТО БАРОИ СИГОР НАМЕРАСАД

Cайфуллои Сафарзода (Сайфулло Сафаров), муовини собиқи раиси Маркази тадқиқотистратегии Тоҷикистон, ки моҳе пеш бознишаста шуд, аз низоми ҳозираи нафақа розӣнест. Ба андешаи ӯ, нафақае,ки имрӯз муайян мешавад, "ночиз аст" ва ҳатто барои сигор намерасад.Инчунин, ба пешбинии ин сиёсатмадор, интихоботи президентии соли 2020 "ором ва бидуни ягон тағйироти ҷиддӣ” сурат мегирад. Сайфулло Сафаров ҳамчунин аз зиндагии шахсиаш низ гуфт, "Замоне ки мушовири президент будам, бештар ҳамсарам кор мекард. Дар бозор бо фарзандон нон мефурӯхт.
Зарангези НАВРӮЗШОҲ
Шаҳлои АБДУЛЛОҲ

Радиои Озодӣ: Баъди нафақа чӣ эҳсос доред?
Cайфуллои Сафарзода: "Интизор будам, ки ба нафақа меравам ва аз ин хотир рӯҳан омода будам. Замоне ки ба синни 63 расидам, дар фикри он будам, ки зудтар ба нафақа бароям ва ба корҳои дигар машғул шавам. Ҳоло худро хеле хуб эҳсос мекунам."

Радиои Озодӣ: Давраи бознишастагиро чӣ гуна гузарондан мехоҳед?
Cайфуллои Сафарзода: "Аввалан аз ҳамаи онҳое, ки дар ин 25 сол бо ҳам ҳамкорӣ кардем, ташаккур мекунам. Аслан бознишаста намешавам, ба фикрам чун ҳамеша кор пайдо мешавад. Ҳамчун профессори донишгоҳ ва ё дар асоси шартнома бо ягон идораи дигар метавонам, ки хидмат кунам.”

Радиои Озодӣ: То ҷое медонем, Шумо ҳамеша дар сатҳи муовинат будед ва ҳеҷ вақт бараддаи аввал набаромадед, чаро?
Cайфуллои Сафарзода: "Таъйин ба ин ё он вазифа тасмими президент буд ва ман ба ин ҳеҷ шубҳа надоштам. Дувум, ки будам, пас, дувум ҷойи ман буд. Дар ҳама ҳолат кӯшиш мекардам, ки вазифаи ба зиммаам гузоштаро дуруст анҷом диҳам. Ҳеҷ вақт барои ҷойи аввал кӯшиш намекардам.”



Радиои ОзодӣБо таҷрибаи чандсолаи корӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ метавонед гӯед, ки ҳоло Тоҷикистон ба кадом гурӯҳи таҳлилгарон ниёз дорад? Дар кадом риштаҳокамбуди таҳлилгарони қавӣ мушоҳида мешавад?
Cайфуллои Сафарзода: "Албатта, ҷомеаи мо ба таҳлилгарони соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ниёз дорад. Махсусан дар масоили ҳарбӣ ва амниятӣ таҳлилгарони хеле варзида лозим дорем. Таҳлилгарони зиёд дорем, аммо дар мавриде ки тавонанд мувозинатро нигоҳ доранд, мавқеи ҳукуматро равшан гӯянд ва аз вазифаи худ натарсанд, хеле каманд. Мутаассифона, ман ҳоло аз сатҳи ҳозираи таҳлилгарон розӣ нестам. Аз сатҳи коргузорӣ дар ин соҳа ҳам. Зеро чунин таҳлилгарон як мактаби хос надоранд.”

Радиои ОзодӣВоқеан, Шумо аз нафароне будед, ки ҳамеша дар робита ба ҳодисаҳои мухталиф мавқеи худ ва ҳукуматро баён медоштед. Буд ҳолате, ки барои ибрози кадом назар гап шунидед ё бароятон мушкил пеш омад?
Cайфуллои Сафарзода: «Як ҳолат буд. Аз дастгоҳ мактуб омад, ки гӯё ман аз номи ҳукумат гап задаам. Ин 10 сол пеш буд. Вале ман дар он ҷо аз нутқи айнан нақл шуда истифода карда будам. Онҳо раҳбари моро сиёсат карданд. Мо ҷавоб навиштем, ки ҳамин фарқи нутқи айнан нақлшударо, ки дар нохунак аст, аввал дақиқ кунед, баъд мо эродро қабул мекунем. Дигар ин ки мегӯянд, аз дастгоҳ фишор меоранд, асос надорад. Дар солҳои кориам, надидаам, ки президент моро ҷанг карда бошад, ки ин хел нагӯед, ин тавр гӯед.”

Радиои ОзодӣБархе аз мақомдорон ба ҳар ҳол ошкору пинҳон иқрор мекунанд, ки бидуни ришва намешавад зиндагиро пеш бурд. Шумо ин ҳама солҳо бо маош зиндагӣ кардаед ё корҳои дигар ҳам доштед?

Cайфуллои Сафарзода: "Хушбахтона ё мутаассифона ягон манбаи дигари даромад надоштам. Замоне ки мушовири президент будам, бештар ҳамсарам кор мекард. Дар бозор бо фарзандон нон мефурӯхт. Он солҳо 3-4 моҳ маош нагирифтаам. Моҳи май, вақте пули нав пайдо шуд, баъд ба мо маош доданд. Он ҳам пули калон набуд. Ҳамагӣ 12 сомониву чанд дирам. То ҳозир ман ба ҳамсарам миннатдорӣ мекунам. Дар вақте ҳам, ки дар ҳизб кор мекардам, ҳаққи узвият набуд ва маош намегирифтем. Вақте аз вазифа сабукдӯш шудам, бисёр хурсанд шудам. Раиси ҳизб фаҳмид, ки чӣ гуна вазъи вазнини иқтисодӣ дорам ва барои ҳамин ба фикрам маро ба Маркази тадқиқоти стратегӣ фиристод, то нафасам рост шавад. Вале ин ҷо ҳам маош то ҳамин чанд соли ахир зиёд набуд. Асосан ман дарс медодам ва пул мегирифтам. Ҳатто дар давраи ҳизб ва мушовирӣ ё дар Маркази тадқиқот ҳам мошин надоштам.”

Радиои ОзодӣБоре ба Шумо барои иҷрои кадом коре ришва пешниҳод шудааст?
Cайфуллои Сафарзода: "Дар давраи ҳизб ришва пешниҳод мешуд, вале ман дар ин масъала аз ҳад зиёд ҳассосам ва он одамонро аслан ба наздики худ роҳ намедодам. Хушбахтона, Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷое набуд, ки зарурате барои додани пора пеш омада бошад.”

Радиои ОзодӣИнтихобот наздик аст. Пешбинии Шумо чӣ аст? Аз нигоҳи шумо, чӣ тағйироте имкон дорад?
Cайфуллои Сафарзода: "Ман, албатта, мантиқи сиёсату таърихро мефаҳмам. Агар гӯям, ки фалон одам 75 дар сад овоз мегирад, ҳатман ӯ ё 74 ё 76 дар сад раъй мегирад. Чун ба сотсиология машғулам, афкори оммаро медонам. Фикр мекунам, дар Тоҷикистон интихобот бисёр оромона гузарад. Ягон тағйироти ҷиддӣ нахоҳад шуд. Албатта, дар робита ба интихобот расонаҳои ҳамсоя ва ғарбиву русӣ андешаҳои зиёде пешниҳод мекунанд, аммо ин ба тасмими президенти кишвар вобастааст.”

Радиои ОзодӣСолҳои ахир бачаҳои элита зери назари матбуот ҳастанд ва исми бархе аз онҳо дар робита ба ҳодисаҳои мухталиф, аз ҷумла садамаву мошинсаворӣ расонаӣ шудааст. Бачаҳои Шумо чӣ кораанд?
Cайфуллои Сафарзода: "Фарзандони ман мошин надоранд. Иҷоза надодам, ки мошини кӯҳна ҳам гиранд. Пешниҳод кардам, ки ба ҷойи он замин гирем, дарахт шинонем ва боғ бунёд кунем. Шаш фарзанд дорам, ҳама ба кори худ машғуланд. Як фарзандам дар Академияи илмҳо аспирант аст. Дигаре дар Иттифоқи касаба – ҳуқуқшинос.”

Радиои ОзодӣНафақаи Шумо чӣ қадар аст ва оё мешавад бо он зиндагиро дар пирӣ пеш бурд? Ё боз ҳам такя ба фарзандон мешавад?
Cайфуллои Сафарзода: "Дар масъалаи нафақа ман ҳам мисли аксарият розӣ нестам. Низоми нафақа пурра вайрон шудааст. Албатта, чун олим ҳастам, ҳоҷат ба нафақа надорам ва то вақте ҳастам кор мекунам. Вале бисёре аз одамони ҳарбиву амниятӣ ҳастанд, ки хеле ҷавон ба нафақа мераванд ва азоб мекашанд. Ҳатто вазирҳо ҳам. Масалан, як вазир 25 сол кор мекунад, 500 сомонӣ нафақа мегирад. Ӯ ба зиндагии беҳтар одат кардааст ва якбора меафтад, ба вазъе, ки нафақа ба қавле "барои сигораш” намерасад.”

Сарчашма: радиои "Озодӣ”

Комментарии (0)

Оставить комментарий