Дар интизори набера. Кӯдакони тоҷикро бе модар аз Ироқ меоранд (НАВОР)

Дар интизори набера. Кӯдакони тоҷикро бе модар аз Ироқ меоранд (НАВОР)
Бархе занони зиндонии тоҷик дар Ироқ ризоият надодаанд, ки фарзандони ноболиғашонро ба Тоҷикистон бифиристанд.

Дипломатҳои Тоҷикистон мегӯянд, 95 кӯдаки тоҷикро барои ба ватан овардан сабти ном кардаанд ва бар асоси муқаррароти қонунӣ, бояд модарони онҳо, ки ҳукмҳои тулонии зиндон гирифтаанд, барои бозгардонидани онҳо иҷоза бидиҳанд.

Зебунисо, сокини 38-солаи вилояти Хатлон, аз ҷумлаи занонест, ки барои баргардонидани ду фарзанди хурдсолаш ба Тоҷикистон розӣ нашудааст. Ӯ гуфтааст, падару модар надорад ва ягона бародараш на танҳо кӯдакон, балки худи ӯро низ интизор нест.

Зебунисо соли 2015 ҳамроҳ бо шавҳараш ба Ироқ рафт ва шавҳараш ба гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" пайваст. Як сол баъд шавҳарашро куштанд ва худи Зебунисоро соли 2017 баъди пок кардани шаҳри Мавсил аз ҷангҷӯён дастгир карданд. Зебунисо баъдан ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд, аммо ҳақ дорад, фарзандонашро ба Тоҷикистон фиристад.

Мақомоти тоҷик дар гузашта гуфтаанд, ки аксари занони тоҷик бо фармон ва зӯрии шавҳар ба Сурия ва Ироқ рафтаанд.

Бародари Зебунисо дар Русия муҳоҷири корӣ аст. Сарвиноз Ғуломова, ҳамсари бародари Зебунисо гуфт, аз онки ӯ ба Ироқ рафта, хонаводаро бадном кардааст, бародараш хашмгин аст. Ӯ афзуд, ҳанӯз касе дар бораи баргардонидани кӯдакон бо онҳо суҳбат накардааст ва ё тамос ҳам нагирифтааст.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ, ки барои баргардонидани кӯдакони тоҷик аз ҷониби ҳукумат вазифадор шудааст, рӯзи 21-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 43 зани тоҷик, 15 нафар барои фиристодани кӯдаконашон ба ватан розӣ нашуданд.

[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/01/f/ff/ffc9f5c3-5900-40e5-a4e9-f70529e0c12b_manifest.mpd]

"Аксарияташон мегӯянд, ки пас аз омадан падару модар ва хешу табор намехоҳанд, ки бо онҳо сӯҳбат кунанд ва худи онҳоро қабул надоранд. Барои ҳамин, мо намехоҳем, ки фарзандонамонро ба ватан фиристем. Ба онҳо гуфтем, кафолат медиҳем, ки фарзандони шумо дар ватан хор намешаванд ва ба ҳар хешу таборе, ки хоҳед, мо бурда медиҳем",-гуфт сафири Тоҷикистон.

Дипломати тоҷик гуфт, бо пайвандони ин занҳо дар тамос ҳастанд ва ба ҳар сурат кӯдаконро бармегардонанд. "Ин супориши президент аст. Агар ин ҷо хешу табор надоранд ва ё қабул намекунанд, онҳо фарзандони давлат ҳастанд. Давлат онҳоро нигоҳубин мекунанд. Раҳбари давлат гуфтанд, ки кӯдакон ҳеҷ гуноҳ надоранд"-,афзуд, ӯ.

Руйхати кӯдакону заноне, ки таҳия шудааст, ниҳоӣ нест ва эҳтимол теъдоди занону кӯдакони тоҷик бештар шавад, чун ба гуфтаи мақомот, ҳолатҳое буд, ки занони тоҷик худро шаҳрвандони дигар кишвар муаррифӣ кардаанд.

Мо ба як тор муйи онҳо зорем
Сабзагул Камолова, сокини шаҳри Душанбе, ки духтараш бо панҷ кӯдак дар Ироқ аст, барои баргардонидани набераҳояш ризоият додааст. Зӯҳро Хоҷаева, духтари ӯ соли 2014 ба Ироқ рафт. Тифли панҷумашро дар боздоштгоҳ ба дунё овардааст. Сабзагул Камолова мегӯяд, духтараш бо ӯ телефонӣ тамос гирифт ва гуфт, ки кӯдаконашро фиристад қабул мекунанд, ё на.

"Гуфтам, бо ҷону дил қабул мекунам. Духтарам панҷ кӯдак аз худаш ва ду кӯдаки дигар аз як хеши фавтидаи шавҳарашро нигоҳубин мекунад. Мо гуфтем, ки омодаем, ҳамаи кӯдаконро қабул кунем. Ҳозир барои онҳо омодагӣ дорем"-,гуфт ӯ.

Сабзагул Камолова, ки тухми офтобпараст мефурӯшад, мегӯяд, бовар дорад, ки аз ӯҳдаи таъмини набераҳояш мебарояд. "Мо ба як тор муйи онҳо зорем. Дар замони ҷанг кӯдаконро хӯрондему пӯшонидем, наход дар ҳамин замони тинҷӣ онҳоро нигоҳубин карда натавонем",- афзуд, Сабзагул Камолова. Ӯ умед дорад, ки пас аз овардани набераҳояш, духтарашро низ ба ватан меорад.

Зубайдулло Зубайдзода мегӯяд, аз мақомоти Ироқ хостори афви занони зиндонии тоҷик шудаанд. Ба гуфтаи сафир, аксари занон фиреб хӯрдаанд ва дар бораи ақидаҳои ДИИШ тасаввуроте надоранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ мумкин аст, ҳукумати Ироқ онҳоро афв кунад.

Мақомоти тоҷик дар гузашта гуфтаанд, ки аксари занони тоҷик бо фармон ва зӯрии шавҳар ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Бар асоси иттилои расмӣ, беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик ҳамроҳ бо мардони хонавода ба Сурия ва Ироқ сафар кардаанд.

Баъди шикасти ДИИШ ва озод шудани манотиқи зиёде аз дасти онҳо, занону кӯдакони зиндамондаи тоҷик дар Ироқ дар зиндон ва дар Сурия дар паноҳгоҳҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд. Ба ин ду кишвари ҷангзадаи Ховари миёна наздики 1900 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон сафар кардаанд. Сарнавишти бештари онҳо маълум нест.

Комментарии (0)

Оставить комментарий