Ҳалокати мусофир дар натиҷаи чаппа шудани автомашина

Ҳалокати мусофир дар натиҷаи чаппа шудани автомашина
Рӯзи 17-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 18:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектар”, Илёсов Шаҳриёр Бахтиёрович, соли таваллудаш 1998, сокини ш.Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Кӯлоб ба самти н.Муъминобод дар ҳуди деҳаи Толеъи Нав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 3-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Салимова Маҳваш Шарифовна, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати деҳоти Деҳбаланд, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Худи ронанда Илёсов Б.Ш ва мусофирони дигари автомашина: хурдсол, Ҳумайрои Шамсиддин, соли таваллудаш 2018, Салимова Моҳтоббӣ Шарифовна, соли таваллудаш 1998, сокинони ҷамоати деҳоти Деҳбаланд ва Бахтиёри Абдулҳафиз, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий