Шаҳриёри Давлатро зиндон карданд?

Шаҳриёри Давлатро зиндон карданд?
Тули ду соли охир дар атрофи номи Шаҳриёри Давлат ончунон овозаю ҳангомаҳо зиёд шуданд, ки кас сари калобаашро гум мекунад.
Яке мегӯяд, ки бо даъвои хушдоманаш ин овозхони ҷавонро ба маҳкама кашида, зиндон кардаанд, дигарӣ ин хабарро рад намуда, иддао мекунад, ки баръакс баъди он ҷангу ҷанҷолҳо шуҳрати Шаҳриёр бештар гашта, акнун на танҳо суруд мехонад, балки дар филмҳо низ нақш мебозад, саввумӣ қасам мехӯрад, ки Шаҳриёр ба садамаи автомобилӣ гирифтор шуда, дар беморхона хоб аст….
Ман, ки мухлиси ин овозхони ҷавон ҳастам, бо шунидани чунин овозаҳои нохуш дилам ба дард меояд. Илтимос, дар куҷо ва бо чӣ корҳо машғул будани Шаҳриёри Давлатро аниқ карда нависед, то ки дили мо, мухлисонаш ором бигирад.
Гулбарг, аз ш. Бохтар.
Номаи Гулбарг ва зангҳои пай дар пайи мухлисони дигари Шаҳриёри Давлат моро ба он водор намуд, ки ба ин сарояндаи ҷавон занг занем.  Хушбахтона, гӯшии телефонро худи Шаҳриёр бардошт.
-Шаҳриёр, ҳар хел овозаҳоро шунида, ба ташвиш афтидем. Шумо ҳоло дар куҷо ва бо чӣ корҳо машғулед?
-Шукри Худо зиндаву саломат ва бо корҳои эҷодӣ машғулам. Дар се филм нақш бозидам, ки яке “Меҳмони нохонда”, дигарӣ “Ҳаёти талх” ва сеюмӣ “Ранҷи зиндагӣ” ном дошт. Дар “Меҳмони “Нохонда” як нақши эпизодиро бозидам. Дар роҳ мошини маро ду ҷавони деҳотӣ- Дӯстмурод ва Гургалӣ манъ карда мепурсанд, ки ака, аз ҳамин роҳ кадом маршрутка мегузарад, ки мо ба Душанбе равем. Дар ҷавоб ман хандида мегӯям, ки бори охир кай бо маршрутка ба хона рафтанамро дар ёд надорам ва дилам ба ин ду ҷавони камбағал сӯхта, онҳоро савор мекунам. Дар мошин байни бачаҳо баҳс мешавад. Яктояш мегӯяд, ки ин Шаҳриёр Давлатов аст, дигараш мегӯяд, ки не , Шаҳриёр кори дигар надорад, ки ману туро ба мошинаш савор мекунад?! Баҳси онҳо ба ҷанг мерасад ва яке аз онҳо мегӯяд, ки ман дар дунё ду одамро мешиносам, яктояш падарам дуюмаш Шаҳриёр Давлатов аст…
-Шумо аслан сароянда ҳастед, дар кино нақш бозидан бароятон душвор набуд?
-Ростӣ, чандон бовар надоштам, ки комёб мегардам, вале мухлисонам маро дар синамо низ хуш қабул карда, ба ҳунари актёрии банда баҳои баланд доданд…
-Боз дар ягон филми дигар нақш мебозед ё ин кӯшишҳоятон фақат ба хотири худро санҷидан буд?
-Ба ман сенарияи як филми дигари аҷибро пешниҳод намуданд, ки “Домод дар иҷора” ном дорад. Ба фикрам филми хуб мебарояд. Айни замон сари мавзӯи гонораро маслиҳат карда истодаем, ҳамин ки шартнома ба имзо расид, ҳатман ба мухлисонам хабар медиҳам.
-Шумо банди корҳои эҷодӣ будаеду мардум ҳар хел овозаҳои гӯшхарош паҳн мекунанд, ки Шаҳриёри Давлатро бо даъвои хушдоманаш ҳабс кардаанд…
Дар ҳақиқат мо хеле кашмакаш карда, дар ба дари суду прокурору  милиса давидем, вале шукри Худо, оқибат ҳамааш бо хушӣ ҳал шуд.
-Мегӯянд, ки собиқ ҳамсаратон Нишона аллакай шавҳари дигар кардааст…?
-Худованд бахти сафедаш диҳад. Дигар кӣ будану ба чӣ кор машғул будани онҳо бароям муҳим нест. Шаҳриёр дар умраш ба ягон кас бадӣ нахоставу бадӣ накардааст ва минбаъд низ намекунад!
-Худи шумо оиладор шудед?
-Арӯси зебову боодобе пайдо намудам, вале тӯй дертар барпо мешавад.
-Чаро?
Арӯсшавандаам ҳанӯз мактабхон аст. Худо хоҳад, ҳамин ки мактабро хатм кард, аз паси тӯй мешавем.
Боз бо ишқу ошиқӣ хонадор мешавед ё…?
-Дили ман аз ишқу ошиқӣ дигар мондааст. Арӯсшавандаро падару модарам ёфтанд, дидам, ки духтари хубу бамаънӣ аст, розигӣ додам.
Баъзеҳо қасам хӯрда мегӯянд, ки Шаҳриёри Давлат ба садама гирифтор шудааст, мо бо чашми худамон дидем….
 —Рост мегӯянд, дар ҳақиқат чанде пеш ман ба садама гирифтор шуда будам. Ба Муъминобод ба як тӯйи арӯсиву домодӣ мерафтам. Ҳушам ба мусиқӣ шуда, нафаҳмида мондам, ки чӣ хел мошин аз роҳ берун баромада, чапа шуд. Вақте ки ба ҳуш омадам, дар беморхона ва дастам дар гипс буд. Вақте хабари ба садама дучор шуданамро ба тӯйдор расонданд, бовар накарда доду фарёд бардошт, вале баъд ба беморхона омада, ҳоли маро бо чашмони худаш диду бахшиш пурсида, баромада рафт.
-Мошинатонро таъмир кардед?  
Аз куҷо?! Лексусам дар садама маҷақ-маҷақ шуда буд, онро ба запчаст супорида, Худоро шукр гуфтам, ки худам зинда мондам. Дар дунё чизи аз ҳама қимат ин саломатӣ аст, сар амон бошад, мошин, пулу мол, зан, хулоса, ҳама чиз ёфт мешавад…

Комментарии (0)

Оставить комментарий