Президент ва мудир дар бошгоҳи "Вахш" таъйин шуданд

Президент ва мудир дар бошгоҳи "Вахш" таъйин шуданд
Зайнулло Шарифзода президенти нави «Вахш» ва Муҳсин Муҳаммадиев мудири даста таъйин шудаанд.Ба иттилои ФФТ, дар шаҳри Бохтар ҷаласаи васеи бошгоҳ баргузор шуда, дар он роҳбарияти нави қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон муаррифӣ шуд.Зайнулло Шарифзода, ки дар гузашта раиси корхонаи «Сементи тоҷик» буда, роҳбарии Агентии хариди давлатии молу хизматрасонии назди ҳукуматро ба уҳда дорад, ҳамакнун президенти нави «Вахш» аст.Мутахассиси маъруф Муҳсин Муҳаммадиев ба ҷойи Исроил Шарифов, ки давоми 30 сол дар бошгоҳи мазкур кор намуд, директори даста таъйин шуд, афзуд ФФТ.Ба Исроил Шарифов аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шаҳрдории Бохтар барои корҳои анҷомдода Сипоснома тақдим гардид.Роҳбарияти нави «Вахш» дар назди даста вазифа гузошт, ки ба лигаи олии чемпионати Тоҷикистон баргардад ва анъанаҳои бошгоҳ — барои ҷоизаҳо мубориза бурдан ва бозигаронро барои яккачини Тоҷикистон омода карданро идома диҳад.Ахиран Тоҳирҷон Муъминов, собиқ сармураббии дастаи — «Равшан"-и Кӯлоб ба ҳайси сармураббии дастаи лигаи якуми Тоҷикистон — «Вахш» таъйин гардида буд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий