Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон

Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон
Раёсати Вазорти корҳои дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти як гурӯҳ ҷавонон хабар дод, ки навори муноқишаи онҳо се рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Сокинон чунин рафтори ҷавононро маҳкум намуда, хостори муҷозоти онҳо шуданд. 

Раёсати ВКД дар Душанбе мегӯяд, баъд аз пахши навор кормандони милиса маълум намуданд, ки чаҳор ҷавон бо ҳам муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса се рӯз қабл дар кӯчаи Пулодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рух дода, мақомот сабаби онро нофаҳмӣ миёни ҷавонон арзёбӣ кардааст.  

Додгоҳ нисбати ин гурӯҳ ҷавонон барои майдавбошӣ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин кардааст. Назари худи онҳо маълум нест ва мақомот низ шарҳи бештар надодааст.

Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар солҳои охир боис ба куштаву захмӣ шудани чандин нафар шудааст.  Дар чунин занозаниҳо гоҳе ҷавонон аз корд ва олоти дигар низ истифода мекунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий