Босмачиёни «муосир» киҳоянд?

Босмачиёни «муосир» киҳоянд?
Андешаҳо дар мавриди мақолаи «Ҳаракати босмачигарӣ чун лаккаи таърихии наҳзатӣ»-и таҳлилгар Карим Давлатов 

Мақола бо унвони бисёр дақиқ, аз мантиқи таҳаввулот оғоз мегардад, ки чӣ гуна тағйироти сохторӣ ва пас иҷтимоӣ боиси дар мафкураи одамон пайдо шудани арзишҳои нави ақидатии муносибат ба арзишҳо ва худи ҳаёт низ мегарданд. Дар ин раванди гузариш, агар он хатои ба вуҷуд омада, бо иштибоҳот ва бидуни такя бар донишу арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ сурат гирад, дар он падидаҳои манфии комилан хилофи тамадуни миллӣ ва  умумибашарӣ ҳам пайдо шуда метавонанд.

Истиқлолияти Тоҷикистон, тавре муаллифи дидгоҳ ҳам таъкид медорад, дар фазои холӣ пайдо нашуда, он пояи мустаҳками маънавӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ дорад, ки миллат бо ин арзишҳо дар таърихи башарият саҳму мавқеи хоси худро дорад. Мо ин мавқеъро бори дигар ба гўши  онҳое, ки бо миллати худ, Ватани худ, бо номи мухолифати сиёсӣ дар душманӣ қарор гирифтаанд, расонданием ва дар зимн муроҷиате ҳам доштем. Албатта сиёсатбозӣ ҳаққи шумост ва метавонед барои қудратталабӣ аз ҳар васила кор бигиред, аммо он набояд аз доираи воқеиятҳои айнӣ ва мантиқӣ берун равад.  Мамлакати кўҳсори мо, бо мероси гарони аз замонҳо ба он расондашуда, дар кўтоҳтарин замони истиқлолият, ки нисфи он ҳам дар замони ҷанги шаҳрвандӣ сипарӣ шуду, нисфи дигари он дар фазои бўҳрони ҷаҳонӣ идома дорад, ба қатори кишварҳои рў ба инкишоф расид, дар чунин вазъи мураккаб рушди иқтисоду сатҳи зиндагии мардумро пай дар пай боло бурда тавонист, ба ифтитоҳи аваллин чархаи неругоҳи бузургтарини минтақа Роғун ҳам муваффақ шуд. Яъне дастовардҳои бузурги мамлакату миллатро, ки дар кўтоҳмуддат бо талоши ин шахсияти бузурги таърихӣ,- Пешвои эътирофшуда, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он расидааанд, дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷонибаи ҳамаи хушбинону бадбинон ҳам эътироф шудаанд. Аммо аз тарафи иддае,ки   мардонагии ин шахсияти таърихиро, ваҳдату талоши мардумро эътироф кардан намехоҳанду худро ба курӣ андохтан асту, набудани нишоне аз виҷдон ва  мардонагии ҳамин идда аст, на чизи дигар.

Дидгоҳи мазкур, ҳамзамон як муқоисаи хуби таърихӣ аст ва нишон медиҳад, таърих чанд замон пас, боз  барои сабақ гирифтан «такрор мешавад». Яъне як навъ таъкид ва ҳушдор аст, ки бояд сабақе бигирем, ки ҳамон замони таърихӣ ҳам душманони аз мафкураи маҳдуди ҷомеа, истифода карданд ва имрўз ҳам ба ҳамон тарз, вале ба сурати дигар ва замони дигар аз он истифода кардан мехоҳанд. Он замон ҳам ташкилдиҳандагони ин ҳаракати босмачигарӣ аз бегонагон, ки манфиатҳои танги худро дунболгирӣ мекарданд, идора, раҳнамоӣ ва кўмак мешуданд ва имрўз ҳам бо ҳамон сенарӣ дар баробари миллат қарор гирифтанианд. Аммо тафовути хело барҷаста дар он аст, ки агар ҳаракати босмачигарии он замон худро ҳамчун «муборизон дар зидди фарҳангу идеологияи бегонагон» муарруфӣ мекард, имрўз наҳзатиҳо, ки амалашон айни ҳамон босмачигарист, ба муқобили кадом бегонагонанд? 

Ҳамон замон ҳам эътиқоди диниро ҳамчун абзори сиёсӣ суиистифода карданду миллату Ватани аҷдодиро, ҳуввияти миллиро зери манфиатҳои шахсии худ, зери шиорҳои эътиқодӣ, ки аслан исломи сиёсӣ буд, поён қарор доданд.

Бар иловаи таҷрибаву хотираи равшани таърихӣ, ки ҳанўз дар андешаи наслҳо боқӣ мондааст, ба маъхазҳои таърихӣ назаре меандозем. Дар мақолаи олим, таърихшиноси воқеинигар, Ғафуров Г.,  аз ҷумла дар бораи иддае аз наҳзатиёни ҲНИТ, ки худро ба Аврупо, ба ҷаласаи  Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) расондану бо роҳбарии   М. Кабирӣ, дар байни худ, ё дақиқтараш бо худ аҳдномае «имзо» кардану онро паймон номиданд. То ҳадафҳояшонро, ҳамлаҳояшонро барои ҳар навъ бадномкуниҳои бофта ба муқобили давлати тоҷикон ҷомаи  «расмӣ» пўшонанд. Аммо ин дурўғбофиҳо, ки аслан ба мақсади таъмини буду бошу фаъолияти худашон дар Аврупои бегона мебошад, дар натиҷаи бе поя будани далелҳову фактҳояшон, ба нокомӣ ва шармандагии худашон анҷом ёфт. Вале изҳороти роҳбари ин ҳизби терористии дар Тоҷикистон мамнуъ эълоншуда, М. Кабирӣ дар як маврид хело дақиқ буд. У изҳор дошт, ки «Ҳизби наҳзати исломӣ дар асл давомдиҳандаи кори ҳаракати босмачигарии солҳои 20-уму 30-юми асри гузашта мебошад… ва наҳзатиён   насли дуюми босмачиён буда, кору равишу ормонҳои онҳоро давом медиҳанд ». Ў худ ва наҳзатиёни фирорӣ дар Аврупоро насли сеюми босмачиён номид, ки бори дигар моҳияти террористии ҳизбашро расман эълон дошт, ки нуктаи бисёр ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ  ва ҳамзамон андешаронии ҷиддии тамоми аҳли ҷомеаи мо мебошад.

Дар ин ҷаласа албатта аз тарафи онҳо кўшишҳову ҳамлаҳои дигари беасос ва дар ниҳоят бенатиҷа ҳам ба ватани аҷдодии худу мардуми худ анҷом дода шуданд, вале ягонтои он ҷиддӣ гирифта нашуд, зеро пояи воқеӣ надоштанд. Таври намуна, Гадоев Шарофиддин, ки худро намояндаи ҷунбиши ба ном «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» номид аз САҲА хостори «қатъи ҳар гуна кўмаку грантҳо барои Тоҷикистон» шуда, нисбати он қабули таҳримҳоро ба миён гузошт. Ҳар шаҳрванди кишвар бояд инро пеш аз ҳама хиёнатро ба худу оилаи худ, сарзамини худ хеле ҷиддӣ қабул ва қазоват кунад. Ба назари банда ин ҳамчунон як амали терроризми маънавӣ ҳам дар баробари тамоми миллат аст, ки ин ҳизб роҳандозӣ мекунад. Вале возеҳ аст, ки ин гуна ташаббусҳо моли сиёсати ин ҳизби наҳзатӣ ва ба қавли як донишманди мардумӣ «ҳизби наҳсӣ» мебошад, ки барои ҳадафҳои сиёсии худ, аз ҳар гуна василаҳои зидди инсонӣ ва зидди миллатии худ рў намегардонад. Ҳамон ғорат, ҳамон қатлу ғорати мардуми ғайрандешро боз дар сарзамини аҷдодии худашон ва миллати асрҳо ҷабррасида, ки акнун имкони сарбаланд кардан ва озодиро ба даст овардаааст, ба сари мардум бор карданӣ мешаванд. 

Дар ин дидгоҳ ҳамчунон ба таври илмӣ возеҳ нишон дода шудааст, ки ҳомиёну таблиғгарони босмачиёни солҳои 20-уму 30-юми қарни 20 замони бунёди давлатдории навини тоҷикон «маҳз ҳамон ашхосе мебошанд, ки дар оташ задани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон саҳми аввалиндараҷа доштанд». Зеро ҳар дуи ин воқеаҳо, ки ба ҷангу хунрезии одамон, хароб шудани мамлакат, поин омадани эътибори миллат оварда расонданд, бо як низом амал мекунанд ва аз ҳамдигар фақат шаклан фарқ доранд, ки дар замони мо, солҳои 90-ум ҳам амали он ба шакли каме дигар, вале айни ҳамон дунболи ҳадафҳои сиёсӣ буд. Ҳамагон ба чашми худ диданд, ки чи тавр саркардагону идеологони наҳзатӣ мардумро мусаллаҳ карданду зери пардаи исломи сиёсӣ бар зидди таҳаввулоти нав раҳнамоӣ мекарданд. Ва агар ба маводи муътамад назар андозед, возеҳ дида мешавад, ки дар ҳар ду ҳолат барангезандагону пас  роҳбарии онро бегонагон ба дасти худ гирифта буданд, ки дар натиҷа аз арзишҳову манфиатҳои миллӣ дар он чизе боқӣ намонда буд. 

Профессор Атахон Сайфуллоев дар мақолаи хеш дар такя бар осори дақиқи таърихӣ чунин менигорад; «Босмачӣ баъд аз гурехтани амир Олимхон ба Афғонистон, ҳамчун ҳаракати зидди шўравӣ  ба вуқўъ омад.  Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва бозпас овардани амир буд, ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерўи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд.» Ў илова мекунад, ки «дар солҳои 90- уми қарни 20,  аз тарафи ҳамин роҳбарон ба майдон кашидани мардум ва пас ба муборизаи мусаллаҳона даъват кардан, бо суиистифода аз эътиқоду эҳсосоти мардум ба хусус ҷавонони камогоҳ ва ғайра шиорҳоро «шаклҳои нави босмачигарӣ» номидааст, ки аз оқибатҳои хело гарони моддӣ, маънавии он барои миллат ҳамагон маълумоти мукаммал доранд. 

Устод   Садриддин Айнӣ дар тамоми осори гаронбаҳояш ин ҳаракатро хело дақиқ тавсиф карда, аз ҷумла дар асари «Таърихи амирони манғитияи Бухоро (соли 1922) чунин зикр мекунад: «Босмачиён на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меньшевик, балки аз ҳама чиз пештар дузди ғаддор ва яғмогари хунхоранд, ки решаи туркигароӣ доранд.

Аз ин рў, бидуни ягон шакку шубҳа ва ё манзури таблиғ, ҳамчун як шаҳрванд, ҳамчун як зиёӣ бояд ба ҷомеа, ба насли ҷавони худ ҳушдор диҳем, ки босмачигарии замони пеш, имрўз дар симои ҳамон ҳизби наҳзати исломӣ зуҳур карда, бо дасти боз ҳамон аҷнабиён, зери пардаи шиорҳои динӣ, ки танҳо дар навъи исломи сиёсӣ зуҳур мекунад, ба истиқлолияти Тоҷикистони мустақил, халалҳо эҷод кардан мехоҳад. Бинобар ин саволе ба миён меояд, ки ки оё мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, дунявӣ, ки роҳи равшани пешрафту шукуфоӣ, озодии комил, аз ҷумла озодии эътиқодотро ба даст овардааст, ба сафсатаҳову мағлатаҳои як идда гумроҳшуда бовар мекунанд? Ба итминони мо ва ҳар фарди солимақл, ҳаргиз
Имомназар, Соҳибназар  
ҷомеашинос

Комментарии (0)

Оставить комментарий