Хушхабар: се кӯдаки бедаракшуда аз як оила ёфт шуданд
Се наврас аз оилаи Мирзоевҳо пайдо ва ба волидонашон баргардонида шуданд. онҳо се рӯз ба оворагардӣ машғул буданд
Кормандони милитсия рӯзи 9 - уми август се наврас аз як оила, ки чанд рӯз қабл бедарак шуда буданд, дарёфт намуданд.
Ин се наврас акаю додар буда сокинони кӯчаи Хоруғи шаҳри Душанбе ҳастанд.
Қаблан Радиои "Ватан" дар сафҳаи фейсбукии худ хабари гум шудани се кӯдак аз як оиларо нашр намуда буд.
Дар хабар гуфта мешуд, ки модари ин кӯдакон Сарагул Сироҷова аз тамоми сокинони Душанбе барои пайдо намудани кӯдаконаш кӯмак талаб мекунад.
Сӯҳроб, Рустам ва Худойдод Мирзоевҳо, ки 11, 8 ва 4 сол доранд, рӯзи 5 - уми август аз хона баромада дигар барнагаштанд.
Радиои Ватан хабар дод, ки ин се акаю додар давоми 4 рӯз дар пойтахт оворагардӣ мекарданд.
Соли гузашта бародари калонии онҳо Сӯҳробро мақомоти милитсия баъди як ҳафтаи чунин оворагардӣ пайдо карда, ба мактаби кӯдакони душвортарбия супориданд.
Комментарии (0)