Духтари афғонистониро баъди шикоят аз Тоҷикистон пеш кардаанд

Духтари афғонистониро баъди шикоят аз Тоҷикистон пеш кардаанд
Мақомоти Тоҷикистон Тамкин Меҳробиддин, як духтари афғонистониеро ихроҷ (депорт) кардаанд, ки аз хушунати оилавӣ шикоят  карда буд.

Ин духтар 19-уми ноябри соли гузашта бо гиря дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфт, ки шаҳрванди Афғонистон асту як ҳамватанаш ӯро дар Тоҷикистон азоб додааст.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар вокуниш ба ин шикоят навишта буд, Тамкин Меҳробиддини 24-сола ҳамсари марде аст, ки аз болои ӯ шикоят кардааст. Мақомот дар бораи ин ҳодиса дигар чизе нагуфтанд.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон Тамкин Меҳробиддинро 17-уми декабри соли 2024 ба Афғонистон ихроҷ кардаанд. Мақомот барои шарҳи масъала феълан дастрас нестанд.

Худи Тамкин Меҳробиддин дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот бидуни шарҳи зиёд ӯ, хоҳар ва бародарашро аз манзилашон дар шаҳри Ваҳдат гирифта, ба гузаргоҳи Панҷ бурданд ва ба Афғонистон пеш карданд. Ба гуфтаи Тамкин, сабаби ихроҷи ӯро ин гуфтаанд, ки ҳам раводиди Тоҷикистон ва ҳам корти паноҳандагӣ дорад.

"Чанд нафар аз кормандони мақомоти Тоҷикистон ба хонаи мо омада гуфтанд, ки барои тафтиши ҳуҷҷатҳо бояд ҳамроҳашон ба Душанбе равем. Ҳатто иҷоза надоданд, ки либосҳоямонро тағйир диҳем. Соати 8-и бегоҳ ба марз оварданд, апаам хеле зора кард, ки моро ихроҷ накунанд, мо дар он тараф касе надорем. Аммо кормандони мақомот гуфтанд, ки бародаратон шуморо дар он тарафи марз интизор аст. Апаам ҳайрон шуданд, ки чӣ хел бародар, мо ака надорем. Бо вуҷуди зораву таваллои мо кормандони мақомот гуфтанд, ки супоришро иҷро мекунанд,"-афзуд Тамкин Меҳробиддин.

Назари мақомот дар ин масъала феълан маълум нест. Дар сурати дастрас шудани шарҳи расмӣ дар матлаб илова мешавад.

Шикояти Тамкин Меҳробиддин вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Инстаграм ба миён овард ва корбарон аз мақомот хостанд, қазияро таҳқиқ кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий