Сокинони Суғд ба муҳоҷиратравиро кам карданд
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ шаҳрвандони ба хориҷа сафарнамуда наздик ба 245 ҳазор нафарро ташкил додааст.Ба иттилои мақомот шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 208 ҳазору 90 нафар, аз ҷумла занон 74 ҳазору 258 нафар ташкил додааст.Мақомот қайд кардааст, ки дар ин давра 217126 нафар муҳоҷир ба Ватан баргаштанд, ки аз онҳо 81667 нафар занон мебошанд."Дар ин давра шумораи муҳоҷирони ба Ватан баргашта нисбат ба шаҳрвандони ба муҳоҷират рафта 9036 нафар, аз ҷумла занон 7409 нафар афзудааст«, — таъкид кардааст мақомоти вилояти Суғд.Ҳамчунин масъулини вилоят хабар доданд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 281 ярмаркаи ҷойи кории холӣ гузаронида шуд.Тавассути ин ярмаркаҳо 3348 нафар корҷӯёну бекорон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 2274 нафар ба касбомӯзӣ ва 417 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд.
Қайд карда шудааст, ки шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 6039 нафарро ташкил додааст.Зикр карда шудааст, ки бо мақсади саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло дар давраи ҳисоботӣ ба 4907 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат дода шуд, ки 97,7% нақшаи солонаро дар бар мегирад.Ҳамзамон, 9267 нафар тариқи худмаблағгузорӣ ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд, ки баробари 97 фоизи нақшаи пешбинишуда барои соли 2024 мебошад.Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)